Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
моро роҳнамоӣ мекарданд. Ба хобгоҳҳои гарм ҷой мекарданд, худашон хӯрок меоварданд. Рафиқонам мегуфтанд, ки Димитрий, суханат рост будааст. Дар Сибир офтоб бештар аст. Моро аз Иркутск сад километр дуртар дар маҳбас ҷой карданд. Пас дар муддати се сол дар якчанд маҳбас гардондаю ба Остроги Чита бурданд. Соати панҷи саҳар ба кор меравем. Он чи аз сари мо мегузашт, ба назарамон мисли як хоби даҳшатнок менамуд. Мепиндоштам, ки ин ҳолат зиёд давом намекунад. Пагоҳ ё фардо подшоҳ моро ҷавоб медиҳад. Рӯзи дигар боз ҳамин фикрҳо ба сарамон меомад. Чор нафар занҳои ҳамроҳамон он ҷо омаданд. Ва онҳо сӣ сол ҳамроҳи шавҳарҳояшон мондаю он рӯзгори пур аз заҳрро бо ҳамдигар паси сар карданд. Ҳамроҳи мо устоди Университети Москва Абрамов Пётр Давидович ном марди яҳудие ҳам буд. Пётр Давидович барои шеъраш «Ҷаноб, то кай мардуми Русия аз ту нолон бошанд,» зиндонӣ шуда буд. Он ҷо ҳама бемор шуданд: гулӯдард, диқи нафас. Пётр Давидович ҳам диқи нафас шуд, ҷароҳатҳои дар зиндони Петербург гирифтааш кушода шудаанд. Моро чор сол он ҷо нигоҳ доштанду пас қариб ду моҳ роҳ гашта, ба маҳбаси азобаш сахттар, ки «Петровский завод» мегуфтанд, бурданд. Роҳбалади мо бурятҳо буданд. Дар наздикии сарҳади Чин ба деҳаи майдаяке расидем, ки атрофаш ботлоқ буду хонаҳои каппашакл дошт. Дар он хонаҳо посбонҳо зиндагӣ мекарданд. Маҳбас деворҳои баланд дошт. Онсӯтар бинои калоне буд, ки бомаш сурхранг менамуду девори даҳметра дошт. Он ҷо як гурӯҳ рафиқон моро пешвоз гирифтанд. Ду рӯз шудааст, ки онҳоро ба ин ҷо оварданд. Пётр Давидович, илҳомаш омада у дар ҳаққи он маҳбас шеъре ба номи «Биҳишти гумшуда» навишт. Дар байни бино долони дароз буду ду тараф хонаҳо. Бино навсохт буд, умуман тиреза надошт. Замину деворҳо тару нам. Ба ҳар хона чорнафарӣ ҷо карданд. Хонаҳо торик, фақат рӯзона дар назди дар китоб хондан метавонистӣ. Дар як рӯз фақат ду маротиба оташ гирондан мумкин буд. Шабҳо ҳар чи доштем, мепӯшидему хоб мерафтем. Он ҷо умр дар назарат мисли ҷомаи пурхор менамояд. Мо байни худ мегуфтем ки аз баромадаш дида Николай дилсанг будааст. Мақсадаш моро бемор карда куштан. Аммо Сардори зиндон ба мо сахтгирӣ намекард. Моро бештар ба корҳои хоҷагӣ машғул медошт. Даромади сентябр борону шамолҳои ҷонсӯз шурӯъ шуданд. Сад чизи гарм пӯшӣ ҳам, шамоли он ҷо то мағзи устухонат коргар мешавад. Ин шароиту зиндагиро занҳо ба хешу таборашон менависанд: «Дар руднике, ки пештар кор мекардем мо чун моҳии дохили куттӣ будемӯ ин ҷо мисли говҳое ҳастем, ки дар огили ботлоқ ҷой кардаанд. Волидайн аз ин боб ба Николай хат навишта, аз саломатии фарзандонашон изҳори хавотирӣ мекунанд. Ӯ иҷозат медиҳад, ки дар хонаҳо тиреза кушоянд. Аммо декабристҳо мардуме буданд, ки ғаму андӯҳашонро ба подшоҳ нишон намедоданд. Пётр Давидович нимшӯхию нимҷиддӣ ёдрас мешуд, ки мо шеърияти зиндагиамонро эҳтиёт мекунем. Худаш ботинан месӯхту лабони мудом табхолдорашро ба ханда моил медошт. Мо сурудхонон ба кор рафта меомадем. Шаби шеър, шаби илм баргузор мекардем. Байни мудпарастону хайёлпарастон баъзан то субҳ баҳс мешуд. Рафиқон шеъру қисса менавиштанд. Баъзе донишмандон табиату обу хоки Сибирро омӯхта, мақолаҳо менавиштанд. Аммо дар Петербург ҳеҷ яки онҳоро чоп намекарданд. Дар баҳори соли панҷум Пётр Давидович вафот кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ