Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Мо дар он ғамкада ҳар чи қадар, ки метавонистем, занҳоро меҳрубонию дилбардорӣ мекардем. Ва ба ҳамдигарамон ҳам меҳрубон будем. Ин меҳрубониҳо рӯҳи моро болида медошт, ба умеди ояндаи нек раҳнамой мекард. Дардҳоямонро табобат мекард.
Боре як гурӯҳ рафиқон, ки камбизоат буданд, ба Николай нома навиштанд, ки ёрдампулиро зиёд кунад. Гурӯҳи дигар фаҳмида, нагузоштанд, гуфтанд, ки аз ин пас ҳар мавизи ёфтаамонро ҳамроҳ мехӯрему ба он бадаъмол сар ҳам намекунем. Ана, он азизони ман чӣ гуна касон буданд!
Бобо суханашро ба ин ҷо расону гуфт: набераи бобо: «Дар як нишаст сисола азоба гуфта наметавонӣ? Сари кас пӯла мешавад. Пагоҳ, ки сарам ба худ биёяд, боз нақл мекунам.»
Чернов бо табассум ба рӯйи мусоҳибаш зеҳн монд ва мушоҳида кард, ки ӯ ба тамом хушу гӯш шуда, ба ӯ менигарад. Афвалин маротиба аз дилаш гузашт, ки ин қиссаҳоро ҳама мардуми Русия ба ҷон гӯш мекунанд. Агар рӯзгор даст диҳад, худаш онҳоро омӯхтаю китоб мекунад.
– Раҳмат, Александр Николаевич, маро хурсанд кардед, бисёр чизҳоро фаҳмидам. – Загорский болои дарахти ғалтида нишасту аз бағал дафтарашро баровард.
Чернов аз канори боғ баргашта дид, ки Манучеҳр сордори взводи хизмати ақибгоҳ Тошев Чилла баҳс дорад. Боз ҳам баҳсашон дар бораи кӣ ҷангида метавонаду кӣ наметавонад, буд. Чилла бо як сержанти чутурандоме гӯсфанди дар шохи дарахт овезонро пӯст кандаю ба Манучеҳр мегуфт:
– Фикрҳои хаторо аз сарат бардор! Ту ё ягон нафар рафиқи русат баробари ман ҷуфт кардан метавонед? Наметавонед! Дараву хирманро ҳам мисли ман наметавонед. Ту ҳатто панҷ вақт намози ба гарданат фарзро намехонию...
– Гапҳои кӯдакона мезанӣ, – писханд кард Манучеҳр. – Ман ток мегӯям ту бед! Дар бораи ҷанг мегӯям, ту аз ҷуфту дарав мисол меорӣ!
– Гапи кӯдаконаро худат мезанӣ. – Чилла тез-тез корд давонда, пӯстро аз гӯшт ҷудо мекард. – Офтобу обу замини диёри ман деҳқону шоиру намозхон мепарварад. Иқлими дашту ҷангалҳои Русия каси шикорчию тирзану арақхӯрро. Ту ҳам мисли онҳо тирандоз шудай! Кадом рӯз тир мехӯрию пушаймон мешавӣ. Морбоза мор куштаасту тирзана тир!
– Аввал ту тир мехӯрӣ! Худам мурдаата гӯр мекунам. Қабрата чуқур мековам!
– Ту ки ба тир наздикӣ, пештар ҷувонимарг мешавӣ! Ҷанозаата худам мехонам!
Манучеҳр корди сержантеро, ки қассобӣ мекард, аз надаш гирифту ба Чилла ҳамла кард. Чилла ҳам корди дудамаашро пеш давонд. Агар Чернов сулфа карда наздик намеомад, ҳарду кордзанӣ мекарданд.
Чернов Манучеҳрро даъват карда фармуд, ки кори оростани мизҳоро тезонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ