Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

си адабиётро дӯст медоштам. Хусусан, вақто ки Фитрат дарс медод мо гарангу моту мабҳут мешудем. Ман дар тӯдаи (кружок) адабӣ фаъол будам, ба газетаи девории яке аз муҳаррирон будам ва дар ҳар шумораи он шеъри ӯзбекии ман дарҷ мешуд. Лекин ин «асарҳои адабии» ман аз кружоки адабӣ ва газетаи деворӣ берунтар намебаромаданд. Аз шариконамон Яҳё Юлдошев хеле фаъол буд. Хабар ва мақолаҳои вай ҳар замон ба газетаҳои Бухоро ва Тошканд баромада меистод. Ин ба ман алам мекард. Ниҳоят, боре фаҳмидам, ки устод Айнӣ ба Бухоро омадаанд (тобистони 1927). Баҳоутдин Икромӣ (писари муфтӣ Икромҷони бухороӣ, ки бо ман улфат ва дӯст буд) ва ҷӯраам Ҳаким Ҳомидӣ ва боз намедонам киҳо хостанд, ки ба саломи устод раванд. Ман ҳам ҳамроҳ шудам. Мо устодро дар китобхонаи Абӯалӣ ибни Сино ёфтем. Он кас ба мо илтифот карда, аз ҳолу аҳволи ҳар кадомамон пурсиданд. Азбаски маро, падари маро ва авлоди моро мешинохтанд аз ман бисёртар пурсиданд. Дар куҷо хонданам, бо чӣ корҳо машғул буданам, ба кадом миллат буданам ва ғайра... Ман гуфтам, ки миллатамро ӯзбек нависондагӣ. Устод хандиданд, гуфтанд, ки ҳар кас ӯзбек нависонад ихтиёраш-ку, лекин шумо ҳам аз тарафи падар ва ҳам аз тарафи модар тоҷики асил ҳастед. Бобокалони шумо аз Ховалинги вилояти Кӯлоб пиёда ба Бухоро омадагӣ! Хӯб, чӣ менависед? Шеър менависам, гуфтам. Ба кадом забон, пурсиданд. Гуфтам умуман ба забони ӯзбекӣ, лекин ҳоло як шеър ба забони тоҷикӣ навишта овардам (азбаски шунида будам, устод барои исбот кардани ҳақиқати миллати тоҷик ва мавҷудияти он ва маданияти қадимаи тоҷикон кӯшиш доранд ва ба забони тоҷикӣ менависанд; ман ҳам махсусан ба забони тоҷикӣ навишта будам). Устод шеърамро гирифта сатри аввалашро хонданд: «Эй духтари

пешина
аз 339
навбатӣ