Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ранҷбарони тоҷик!» Хӯш, гуфтанд, ин шеърро ба кадом вазн навиштед? Гуфтам, ки ба вазни «бармоқ» (яъне ки ҳиҷо). Устод гуфтанд, ки не, ин ба вазни арӯз навишта шудааст ва арӯзро бо ангушт шуморида донистан мумкин нест. Вазни арӯз тарозуҳои махсуси худашро дорад ва аввалин тарозуи он гӯши шоир аст. Дар ин мисраи шумо, ки бо вазни арӯз навишта шудааст, ҳарфи «ҷ» зиёдатӣ мекунад ва онро агар «эй духтари ранҷбарони тоҷик» хонем вазнаш дуруст мешавад, аммо маъно вайрон! Бо ҳамин гуфтанӣ ҳастам, ки домани шеър хеле танг аст. Шумо беҳтар ки ҳикоя нависед. Домани ҳикоя васеъ аст ва шумо фикри худро бемалол баён карда метавонед. Ман қабул кардаму ба хона рафта, дар бадали се-чор рӯз як ҳикоя навиштам, ки номашро «Хаёл» мондам ва ба зери сарлавҳа, ба даруни қавс навиштам: «Шабе дар регистони Бухоро».
Аввал ҳикояро бардошта ба ҳавлии Баҳоутдин Икрорӣ гирифта бурдам. Дар ҳавлии ӯ аз Хуҷанд Муҳиддин Аминзода меҳмон шуда омада буд ва рӯзҳои охир ман бо ӯ хеле унс гирифтам. Вай дар он дам шоири шинохта шуда буд ва шеърҳояш зуд-зуд ба газетаи «Овози Тоҷик» нашр мегардид.
Дар хонаи Баҳоутдин, бо иштироки Аминзода ҳикояро хондем. Дар аснои хонда истодани ҳикоя дидам, ки Баҳоутдин мазоқ карда механдад. Ман яке оташин шудам ва ҳикояро дарронда, пора-пора карда партофтаму аз ҷо хеста рафтам. Аминзодаи бечора он пораҳоро ҷамъ карда, ба ҳам васл намуда, аз рӯяш рӯбардор кардааст. Рӯзи дигар ба ҳавлии мо омада, маро чег зад ва ҷанг карда гуфт, ки «ҳей, аҳмақ, чаро ҳикояи нағзи худро даррондӣ?!» Ман гуфтам, ки Баҳоутдин ханда кард. Аминзода гуфт, ки хайр, ханда кунад, кардан гирад. Чур, ба назди устод меравем.
Мо ба назди устод ҳамон дам расидем, ки он кас

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё