Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ҷомадон ва чизҳояшонро меғундоштанд. Ҳикояи маро ҳам ба даруни ҷомадон гузошта гуфтанд, ки аз Самарқанд ҷавобашро мефиристанд. Ман малул шуда ба хона баргаштам ва пас бо дарсҳо машғул шуда, фаромӯш кардам, ки ҳикоя навиштаам ё не. Зеро ки пас аз хандаи Баҳоутдин ҳеҷ умедам набуд, ки он ҳикоя — ҳикоя бошаду ба дарди касе расад. Ин дар моҳи август буд. Дарсҳо аз моҳи сентябр сар шуданд ва азбаски синфи мо синфи охирин ва хатмкунанда буд, машғулоташ ҳам зиёд буд. Дарсҳо мушкил шуда буданд. Ман ки яке аз шогирдони пешқадам будам, намехостам, ки пешқадамиро аз даст диҳам. Бинобар он тамом бо сару гарданам ба дарсҳонию дарстайёркунӣ ғӯтида рафтам...
Дар моҳи октябр ба хобгоҳи Дорулмуаллимин ба номи ман ду нусха журнали бисёр нафис ва диққатҷалбкунанда расид. Бинам, аз Самарқанд устод Айнӣ фиристодаанд. Журнал — «Роҳбари дониш» ном дошт ва ин аввалин журнали адабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва педагогии тоҷикӣ буд, ки дар Тошканд дар таҳти назорати муаллим Маннофзода табъ шуда буд. (Шумораи аввалини ин журнал «Биниш ва дониш» ном дошт, ки дар Самарқанд, дар ҳаҷми майда ва бенур чоп шуда буд. Пас аз танқиди Маннофзода, кори табъи журналро ба худи ӯ супориданд). Дар муқоваи журнал мундариҷаи он чоп шуда буд, ки ман номи худро дар он дидам. Бале, ҳикояам «Хаёл»-ро бо номи «Шабе дар регистони Бухоро» чоп карда буданд. Зуд варақ зада саҳифаеро, ки ҳикояи ман буд, ёфтам. Яъне ки бе ҳеҷ тағйирот чоп шудааст.
Чи тавре ки гуфтам, то ба он дам ягон сатр аз навиштаҷоти ман на дар газетае ва на дар журнале чоп нашуда буд. Инак, ба журнали машҳури «Роҳбари дониш» айнан чоп шудани ҳикоятамро дида, қариб буд аз шодӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё