Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

бехуш шавам. Хурсандие, ки дар он дам ба ман даст дода буд, аз тасвир берун аст. Ман зуд ҳикояро хонда дидам, ки ҳамааш чӣ тавре ки навишта будам, чоп шудааст. Фақат дар баъзе ҷо нуқтаю вергулҳо, баъзе феълҳо ва чанд калима ислоҳ шудааст. Журнал бо ҳуруфи арабӣ чоп шуда буд. Онро ба даст гирифтаму аз ин хобгоҳ ба хобгоҳи дигар, аз клуб ба рӯи ҳавлӣ, ба назди ҷӯраҳоям давидам: ҳо, бинед, тамошо кунед, ҳикояи ман дар журнали марказӣ чоп шудааст! Ин бас набуд, ки тохта ба ҳавлӣ, ба гузарамон, ба назди хешу таборон рафтам ва ба ҳама журналро, ҳикояи чоп шудаи худро нишон дода, фахр мекардам ва хурсанду шоду мамнун будам. Он хурсандию шодмоние, ки дар он дам ба ман даст дода буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯшам намешавад ва он тавр хурсандии дигар ба ман рух надодааст. Ман ба муваффақиятҳои борҳо аз он афзун ноил гардидам. Повестҳо, романҳои бисёри ман чоп шуданд, пьесаҳои бисёри маро театри академии ба номи Лоҳутӣ ба саҳна гузошт ва ба ман орденҳо, мукофотҳои бисёре доданд, лекин ҳеҷ кадомаш мисли он хурсандии аввалин чоп шудани асарам набуданд...

Бале, устод Айнӣ дидаю дониста ҳикояи маро айнан чоп карда буданд. Мехостанд, ки дили ман ба ин кор гарм шавад, шавкам зиёда гардад, боз ва боз нависам ва ба нависандагӣ иштиёқ пайдо кунам... Ҳамин тавр ҳам шуд!

Дар соли таҳсили 1927-28, дар моҳи ноябр ё октябр, синфи моро ба Самарқанд бурданд ва моро ба аввалин институти олии педагогии Ӯзбекистон, чун студент қабул карданд. Ин институти моро ба забони русӣ ВПИ номиданд.

ВПИ дар бинои Гимназияи собиқ, ки дар аввали булвари Абрамов (ҳоло булвари ба номи М.Горкий) ҷо гирифта буд. Барои студентон хобгоҳ тайёр набуд, лекин сохта истода

пешина
аз 339
навбатӣ