Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳафагӣ ҳам шуд. Додари Муҳиддин Аминзода – Акмал Аминзода дар Хуҷанд мухбири махсуси газетаи «Овози тоҷик» шуда кор мекард. Ба вай супориш шуда буд, ки дар Хуҷанд ба газета обуна қабул карда пулашро фиристанад. Аммо Акмал, ки ҷавони арақхӯр ва бадгашт буд, як миқдор пули обунаро арақ хӯрда, аз идораи газет қарздор шуда монда будааст...

Вақто ки ман ба ҳавлии М.Аминзода расидам, пиҷакамро кашида, ба вай додам, ки ба ҳавлии дарун бурда саришта кунад, зеро ки ҳаво гарм буд ва гуфтам, ки дар кисабағалии он ҳафтод сӯм пулам ҳаст, онро ба Муҳиддин нишон ҳам додам. Муҳиддин Аминзода пиҷакро гирифта бурд. Пас аз як ҳафта ба ман пул лозим шуд. Ба Аминзода гуфтам, ки пиҷакамро биёрад. Аминзода ғарқ шуда рафту пас аз замоне бо ранги парида баромад ва гуфт, ки пулат ро аз кисаат дуздидаанд, ин албатта кори додарам аст. Ман аз кисаи вай ду квитансияи фиристодани пулро ёфтам, яке си сӯм дигарӣ чил сӯм. Ин албатта ҳамон ҳафтод сӯми ту аст. Ман пули туро ёфта медиҳам, парво накун!

Пас аз ду-се рӯз Аминзодаи бечора, намедонам аз куҷо пул ёфту ба ман дод. Ман нагирифтагӣ шудам, лекин вай гуфт, ки ту дар сафар ҳастӣ, ба ту пул лозим аст, ман дар хонаи худам, пулро меёбам!

Баъд аз ин ҷӯраҳо ба Фарғона ва Андиҷон рафтагӣ шуданд, аммо ман нарафтам, аз Хуҷанд ба Самарқанд бартаптам. Дар роҳ як воқеаи аҷиб рӯй дод: кадом як поезд аз Хуҷанд, шабона омада маро ба истгоҳи Хавос расонид. Дар Хавос мебоист ба поезди ба тарафи Самарқанд мерафтагӣ нишинғм буд. Ин поезд қариби саҳар мерасидааст. Бинобар он дар толори мусофирнишин, ба рӯи курсии сахт нишаста, пинак рафта (дар дастам фақат як ҷамадонча бу ду бас), поездро маътал шудам. Ниҳоят даричаи кассаи

пешина
аз 339
навбатӣ