Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
билетфурӯширо кушоданд. Ман ба вагони купидор билет гирифтам. Поезд тақрибан дар соати шаши саҳар омад. Ба вагон баромада, дари купии аввалро кушода бинам, фақат як мард дар қати болоӣ хобида асту дигар ҷойҳо холӣ. Ман хурсанд шуда, дар поёни он марди хобида ҷо дуруст карда, муҳанӯз поезд ба роҳ надаромада хобидам. Ҷавонӣ, зуд хобам бурд. Вақту чашм кушода бедор шавам, офтоб баромада аст, поезд дар стансияи Ҷиззах истодааст. Ҳадаҳа либосамро пӯшида поён фуромаданӣ шуда бинам, дар тӯртовчаи болои сарам, ба болои куртаи ман як қабчуқ истода аст. Донистам, ки қабчуқи марди болоӣ афтодааст. Хостам ки ба худаш диҳам, бинам ки вай нест. Ба кадом истгоҳ фуромада рафтааст. Ҳайрон шуда қабчуқро кушода бинам, дар дарунаш зиёда аз ҳафтод сӯм пули ҳархела (қоғаз, тангаи рупия - як сӯма) будааст. Ин пул он солҳо пули калон буд. Ба як сӯм даҳто нон медоданд, як табақ оши палав дар ошхонаҳо бист тин буд. Ба мани студенти кампул, ин кори калон буд. Гуфтам инро худо ба ман дод ва қабчукро ба киса задам. Ҳақиқатан ҳам он пулҳо дар Самарқанд ба ман лозим шуданд.
Дар Самарқанд ба бухгалтерияи институт даромада, хостам ки стипендияи семоҳаамро бигирам, аммо бухгалтер гуфт, ки номи ман аз рӯйхати студентӣ бароварда шудааст. Ба роҳбарияти институт муроҷиат кардам, онҳо ҳам сухани бухгалтерро тасдиқ карда гуфтанд, ки комиссия маро аз институт хориҷ кардааст. Ман ки акнун напӯунамо меёфтам, ман ки акнун бо ғайрат ва ҳаваси том ба хондан ва илм гирифтан сар карда будам, аз ин хабари шум якбора малӯл ва ғамгин шудам. Дилбардоре, маслиҳатгаре, тасаллибахше надоштам, танҳо, ғариб ва аз бахту саодати хондан ронда шуда, музтар ва бечора будам. Дар синни нуздаҳсолагиам, ин аввалин зарбаи сахт буд, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё