Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

даҳон ба даҳон мегузарониданд.

Ака Турсуни мо дар яке аз мазор (қабристон)-ҳои назди шаҳр як қаландар, маҷнунеро пайдо кард, ки дар баландии байни қабру сағаҳо ба худ козае сохта, шабу рӯз гулхан афрӯхта, чилим кашида, ҳақ-дӯст гӯён зиндагӣ мекард ва бо сафсатаҳои худ чандин соддаҳоро ба худ мухлис карда буд. Ака Турсун моро як-ду бор ба назди он қаландар гирифта бурд. Вай марди қавиҷуссае буд, ки мӯҳои сараш овезон, ришу мӯйлабаш дароз шуда баҳам печида, кулоҳи нуқтезаш чиркин ва дудолуд. Дар танаш ҷандаи дарида, сари дили пурмӯяш бараҳна, чашмонаш барқпош, овозаш ғафси равғанӣ... Маснадаш иборат аз хасу беда, ки ба рӯи он як пӯстаки буз, ё гӯсфанд густурда шуда, дигар як-ду шолчаи чиркин ва намадпораҳо дар гирди гулхан буду бас. Дар гулхан чойҷӯши аз дуд сиёҳгашта меҷӯшид, дар чойники чинии нӯлкашиста, ки бо тунука ямоқ шуда буд, ҳамеша чои кабуди талх дам карда шудагӣ, дар дастурхончаи чиркин як-нимто нон, камтар мавиз ва ғӯлунг буд.

Ака Турсун ва моро аз «мурокиба» сар бардошта қабул кард:

— Нағз омадетон, ҳамин навакак базми париҳо тамом шуда буд ва ман бекор шуда мондам. Ана, намебинед, чӯбҳои гулхан ҳануз тамом нашудаанд. Ҳамин шабаш катӣ оташи гулхан баланд буд.

Ман, ки «базми париҳо»-ро бисёр шунида ва ба мавҷудияти онҳо боварӣ доштам, афсӯс мехӯрдам, ки чаро барвақт наомадем, то ки мо ҳам ба «базм» иштирок мекардем.

— Париҳо боз кай меоянд? — мепурсидам.

— Худо медонад, кай меоянд, — мегуфт «марди худо», — гоҳ мешавад, ки ҳар шаб меоянд, гоҳ мешавад, ки ҳафтаҳо, моҳҳо ғоиб шуда мераванд. Лекин овози маро аз дур бошад

пешина
аз 339
навбатӣ