Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин сухани амаки Абдулҳафизро ҳеҷ фаромӯш намекунам. Ҳақиқатро гуфт вай! Кӣ будан ва чӣ будани русро хуб донистем, бо рус ҳамтабақ ва ҳамризқ шудем, бо рус ҳамкор ва ҳамзист шудем... Натанҳо бо рус, балки бо бисёр халқҳои мамлакати паҳноварамон шинос, улфат ва дӯст шудем.

Аз падарам хабар надоштем. Одамҳо мегуфтанд, ки дар Бухоро амон-амонӣ шудааст. Амир ва одамонаш гурехта рафтаанд. Ҳукумати нав ташкил шудааст. Дар Бухоро тинҷӣ, осудагӣ ва «ҳуррият» будааст. Аммо падари мо дар куҷо бошад? Дигар хешу таборҳо дар куҷо бошанд? Маълум набуд. Як рӯз нохост аз падарам хабар расид. Як одам омада гуфт, ки қози Киромҷон дар фалон қишлоқи Ғиждувон, дар ҳавлии фалонча истиқомат дорад ва мехоҳад, ки писаронашро бинад. Ака Турсун ва амаки Абдулҳафиз ҳардуи моро ба қафои зини аспашон бор карда ба ҳамон қишлоқ гирифта бурданд.

Дар қишлоқе, ки падарам то як дараҷа паноҳ бурда буд, тинҷию осудагӣ буд. Аз инқилобу шӯришҳои баамаломада, аз ҳокимияти нав асаре набуд. Падарам дар ҳавлии кадом бое истиқомат мекардааст. Дар сӯҳбаташ қазо ва қазоҳои қишлоқ, оқсақол, амин ва дигарон буданд, хизматашро мекарданд, мукаррам ва ба ҳурмат медоштанд. Падарам моро дида хурсанд шуд, навозиш кард ва намедонам як шаб, ё ду шаб дар назди ӯ будем. Хабар надорам, ки падарам бо амаки Абдулҳафиз ва ака Турсун чӣ маслиҳате карданд ва чӣ қарор доданд. Ба ҳар ҳол пас аз ба қишлоқи амаки Абдулҳафиз баргаштан, мо дар он ҷо дер намондем, ба шаҳри Бухоро баргаштем. Гумон мекунам, ки падарам аз воқеаҳои Бухоро пурра бохабар буда ва фармуда буд, ки моро ба куҷо баранд ва чӣ кор кунанд.

Ин дафъа ба Бухоро баргаштани мо ба ман таассуроти

пешина
аз 339
навбатӣ