Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

тамоман дигар бахшид. Охир, вақто ки мо дар қишлоқи амаки Абдулҳафиз будем, рӯзонаҳо медидем, ки аз тарафи Бухоро чӣ тавр дуди ғализ баромада ба ҳаво паҳн мешавад. Мардум мегуфтанд, ки шаҳр сӯхта истодааст, шаҳр хокистар шуда истодааст... Шаҳре, ки сад солҳо инҷониб чунин ҷанг ва чунин инқилобро надида буд. Шаҳре, ки обод, маъмур ва машҳури дунё буд, шаҳре, ки он аз Қошғар то Хитой, аз Туркистон то Россия, аз баҳри Хазар то ба Кафқоз ва Туркия ва Арабистон, аз Ҳисор то ба Ҳинду Афғону Эрон овоза бардошта буд; шаҳре, ки мардум гумон мекарданд инҷо маркази ислому дин аст, ин ҷо ба дунёи Шарқ нури имоне мепошад; шаҳре, ки маркази тиҷорат, савдо ва манбаъи моли хом аст (охир тиллои Бухоро, абрешим ва пашм, пӯсти қарокӯлӣ ва меваҳои шаҳдбори Бухоро ба оламиён машҳур буд); шаҳре, ки ба он меомаданд, мебурданд, медоданд ва мегирифтанд; шаҳре, ки солҳои охир остонаҳои он аз тилло шуда буд, пулу молу маноли олам дар он ҷамъ шуда буд... Инак ҳамин шаҳр, ҳамин Шӯҳраи офоқ тӯъмаи оташ гашта, борони тиру бомбаҳо ба болояш, ба кӯчаю хонаҳояш, ба қасру масҷиду растаҳояш рехтааст. Пас чӣ шуда бошад ин шаҳр? Аз вай чӣ боқӣ монда бошад? Аробаи мо аз ҳамон дарвозаи Самарқанд ба шаҳр ворид гашт. Дарвозахона ва қалъаи ду тарафи он ҳама барҷо буданд. Даруни шаҳр ҳам ҳавлиҳо, кӯчаҳо асли қадим барин буданд. Ман ҳар замон ба худ суол медодам, ки куҷои ин шаҳр сӯхта бошад. Вақто ки аз таи тоқи Заргарон, ки он побарҷо буд, гузашта ба тарафи Манор равон шудем, натиҷаи сӯхтору бомбаборонро дидем. Масҷиди калон чизе нашуда буд, лекин ба чундаки манор тири тӯп расида, хеле ҷояшро афтонда буд. Аз таи манор растаю бозорҳо, сарои чойфурӯшӣ, дӯконҳо ва ғайра сар мешуд, ки ҳеҷ кадоми онҳо намонда буд. Ба ҷои онҳо тӯдаи вайрона

пешина
аз 339
навбатӣ