Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
таркондаанд. Чандин кас мурда, чандин кас ярадор шудаанд.
Ҳар пагоҳ ба Бозори нав рафта ширу қаймоқу обинабот овардан вазифаи ман буд. Як пагоҳ, ки ҳаво хеле хунук буд, дар дастам ду коса ба Бозори нав рафтам. Қаймоқ харидаму обинабот харидам ва ҳарду дастам банди косаҳо ба сӯи ҳавлӣ баргаштам. Дастҳо ва панҷаҳоям чунон хунук хӯрданд, чунон шах шуданд, ки кам монда буд, косаҳоро ба замин партоям. Вале дандон ба дандон монда, ба сӯи ҳавлии ака Шарифхон давидам ва дар баробари аз дарвоза ба ҳавлӣ даромадан гиряро сар кардам. Хона будагон сахт ба тарсу ваҳм монда, маро иҳота карданд, косаҳоро аз дастам гирифта, панҷаҳоямро молиданд ва ба сандалӣ дароварда гарм карданд.
Ҳамин ду воқеа аз давраи дар ҳавлии ака Шарифхон буданамон ба хотирам мондааст.
Барои аз ҳабс халос кардани падарам, мо ҳар чӣ ки метавонистем, кардем. Ба номи Файзулло Хоҷаев, ба номи Абдуқодир Муҳиддинов, ки яке раиси шӯрои нозирон, дигарӣ раиси комитети инқилоб буд, аризаҳо менавиштем; бегуноҳӣ, тарафдори ҷадидон будан ва тарафдори мактаби нав будани падарамро махсусан қайд мекардем. Ниҳоят дар моҳи январ, ё ки феврали соли 1921 дар Регистон дар масҷиди Поянда Суди падарам шуд. Падарамро бо ду каси дигар кушбегии поён (номашро фаромӯш кардам) ва боз кадом як мулло суд карданд. Файзулло Хоҷаев сиёҳкунанда ва қозии якум (яъне пас аз инқилоб қозии аввалин) сафедкунанда буд. Ҳаво сард, барфи боро наралаш меборид. Дар ҷое, ки суд мешуд, пулемётҳо гузошта шудагӣ ва атрофи ҳайъати суд ва ҷои мурофиаро гвардиячиёни силоҳбадаст иҳота карда гирифтагӣ... Ману акааму хоҳарам, оии калонӣ бо модараш ва дигар чандин хешу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё