Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

таборон дар атрофи маърака мунтазир будем, ки суд чӣ ҳукм мебарорад. Мурофиа хеле дуру дароз давом кард, ё ки ба ман чунин намуд. Ҳатто дар ҳамон ҷо ҳам, дар вақти танаффӯс ба ман фармуданд, ки ба дасти Файзулло Хоҷаев ариза дароварда диҳам. Нотарсона ҳамин корро ҳам кардам. Суд пас аз нимрӯзӣ ба охир расид. Падарамро сафед карда, аз худи ҳамон ҷо озод карданд. Мо чунон шод, чунон хурсанд будем, ки чӣ кор карданамонро намедонистем. Гирд-гирди падарам мегаштем, мебӯсидем ва бо шодмонӣ ӯро иҳота карда ба ҳавлии аммаамон бурдем. Аммаамон дар ҳавлии худашон, соҳиби ҷумла чизу чораҳошон буданд. Он рӯз дар ҳавлии аммаамон гӯё тӯе барпо шуд.

Падарам чанд рӯз истироҳат ва табобат карданд ва баъд барои ҷои истиқомат ба ҳукумат муроҷиат карданд. Ҳукуматҳо аввал ба мо аз гузари Бозори сабзӣ ҳавлии «Қозии Закун»-ро доданд. Ин ҳавлӣ чандон калон набуда, ба се оилаи падарам (ману акааму хоҳарам, ояи калонӣ бо фарзандонаш ва ояи хурдӣ) намерасид. Аз дарвоза, ки даромадед, як долон (бостурма) буд, дар болои он болохона ва пас ҳавлии дарун як ду хона дошту ошхона, дигар ҳеҷ. Ба гумонам падарам боз ариза дода, ҳавлии калонтар талаб карданд. Ба он кас ду ҳавлии даруни қозихонаро доданд, ки аз тарафи «Лаби чуқурӣ» (кӯчаи нишебе, ки ба гузари ҳаммоми Кавшолак мефуромад) даромад карданд. Дар ин ҷо дар буд, вале дари партав ҳисоб мешуд. Дар он ҷо ҳавлии «Ҷомашӯйхона» ҳам буд, ки онро ҳам ба падарам доданд. Албатта баъзе ашёҳои хона, аз қабили гилем, намад, кӯрпаю кӯрпача, дегу табаку косаю чойнику пиёла ва ғайра ашёҳои лозимаро ҳам доданд. Худи падарамро ба назорати ҳифзи сиҳат, надонам ба чӣ коре монданд, ки дар як хона бо чанд кас нишаста кор мекард. Баъзе когазу

пешина
аз 339
навбатӣ