Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
делаҳо дар дасташ буд. Аҷобати кор ин ки ин идора ҳам дар ҳамин ҳавлие буд, ки як вақтҳо ҳабсхона карда буданд.
Маълум, ки то дар он дам ҳамаи ҳабсиҳоро озод карда, ҳавлиро ба идораи ҳифзи сиҳат додаанд.
Падарам оии хурдиро аз ҳавлии падараш оварда дар ҳавлии дарун, ки пештар онро «ҳавлии толорнок» мегуфтанд, ҷойгир кард. Ин ҳавлӣ як хонаи калони дубаҳра дошт, ки аз калонтарин хонаҳои ҳавлии қозихона ба шумор мерафт. Даҳлизу майдон дошт. Як тарафаш ба рӯи ҳавлии толорнок, тарафи дигараш ба ҳавличаи махсус кушода мешуд. Аз даҳлизи ин хона боз як хоначаи европоисохт буд, ки тирезаи калони он ба ҳамон ҳавличаи махсус кушода мешуд. Оии хурдӣ дар хонаи калон, мо — ману акааму хоҳарам — дар хонае, ки номаш «хонаи баланд» буд ва дар ҳақиқат ба он аз поёни суфа бо панҷ-шаш зина мебаромадем, мезистем (дар поёни ин хона таҳхонаи баҳавое буд. Дар зери суфаи начандон баланди ин ҳавлӣ ҳам таҳхонаи васеъ буд). Оии калонӣ дар ҳавлии дигар, ки акнун ҳавлии аввалин (пас аз ҷомашӯйхона) ба шумор мерафт, ҷойгир гашт. Аз дарвозаи кӯча, ки даромадед, ба воситаи як роҳрави ду ҳамгаштнок ба рӯи ҳавлӣ мебаромадед. Дар ин ҳавлӣ ду таҳхона, як суфаи баланд ва се хона буд. Ошхонаи калони қозихона ҳам дар байни ин ду ҳавлӣ воқеъ гашта буд.
Дар ин ҷо мехоҳам якчанд сухан дар бораи инқилоби соли 1920 Бухоро ва ҳукумати ҷумҳурияти халқӣ, шӯроии Бухоро гӯям. Инқилоби Бухороро инқилоби пролетарӣсоциалистӣ (ба мисли инқилоби Октябр) гуфтан нашшояд.
Ин инқилоб — инқилоби халқӣ — инқилоби буржуазияи майда буд. Дар сари он дар баробари партияи коммунистии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё