Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Он нидо қофиласолори дил аст,
Раҳнамои ҷону тан то манзил аст
Аз нидо, дидам, ки каҷ шуд борҳо,
Аз нидо ларзад дару деворҳо.
Эй, нидои мардумонро кам мабин,
Нолаи бечорагон беғам мабин.
Гар яке фарёд мебояд шунид,
Чун фазо озод мебояд шунид.
Бар нидои мардумон бо гўши кар
Ҳамчунон кўҳе набояд шуд сипар.
Халқ гўяд: «Эй!» ба андўҳи бузург,
«Э-эй!»-гўяд низ он кўҳи бузург.
Халқ: «Ҳон, бишнав!»-- чунин таъкид кард,
Кўҳ: «Ҳон, бишнав!»- варо таҳдид кард.
Танг афтода ба мардум гар нидо,
Чун ҳаме ояд бурун аз тангно?..».
То шиносӣ хулқу хўи хештан,
Дар миёни мардумон бояд будан.
Ҳар дам аз мардум шиносӣ илми ҳақ,
Худ бувад мардумшиносӣ илми ҳақ.
Шукр, азбас рў ба ҳақ овардаем,
Мо забону дил ба ҳақ парвардаем.
Ҳар ки ҷон дар роҳи ҳақ қурбон кунад,
Кандани ҷонро ба худ осон кунад.
Ҳар чӣ гўем аз забони мардумон,
Талх мебошад, вале доруст он.
Лоҷарам, гўяд табиби бетамиз,
Бар шифоят нест тадбир, эй мариз!
Рў ба рўи мардумон бояд расид,
Гуфтугўи мардумон бояд шунид.
Мардумӣ моле наёрад ҷуз сухан,
Дар бағал санге надорад ҷуз сухан.
Ҳақталошӣ куллу ҷузъи мардумист,
Худшиносӣ узв-узви мардумист.
Гуфт бо Ҳақ рози дил ҷўёи ҳақ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё