Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

*Шукри Худои мутаол, ки ҳазрати Муҳаммад салаллоҳи алайҳи вас-саламро пайғамбари охирзамон эълон намуд.
Вагарна, ин ҳама муллою эшону ҳоҷиёни донотароши охирзамон даъвои пайғамбарӣ мекарданд!

*Бечора модар бошитоб алла мегуфт, то ҳарчи зудтар тифлакашро хоб барад. Аммо дар оҳанги аллаи ў шавҳарашро хоб бурд.

*-- Пеши хода маънуш бикун!
-- Дар куҷо? О, дар қади роҳ ягон хода нест!
-- Э, ту гапа намефаҳмӣ, братишка?! Маънуш бикун,
ҳо, дар он ҷое, ки пиёдаҳо мегузаранд-ку!

*Вай бо тамоми нафрате, ки ба рақиби ғаддораш, ба марди ҷоҳил, бадкину бадкеш, худдонаму худписанд дошт, ба забон овард:
-- Рўзе мерасаду саг барин мемурӣ!
Ё тавба! Рўзе расиду худи вай саг барин азоб кашида мурд!
Эй Худо! Бубахш, мо бандагони гунаҳкоратро! Бо мо ҳар он чӣ раво бубинӣ, Худат медонӣ!

*Касе ёди Худо намекард, агар бандаро дард намедод.

*-- Ало, маро мешунавӣ?
-- Не.
-- Ман ҳам.

*-- Ай дўсти азизам, хуб ноодам будаӣ! Дар рўзи марги ту ба мотамат рафтаму дар рўзи марги ман ба ҷанозаам намеоӣ!

*-- Мегўянд, бисёр шоири хубед! Барои катибаи рўи қабри падарам ягон шеъри хуб менавиштед.

пешина
аз 208
навбатӣ