Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-- Бубахшед, ман барои зиндаҳо менависам, на барои мурдаҳо!

*Гуфтанд: Дили сардори идораатонро биёб, корҳоят пешрав мешаванд. Ахиран онро ёфтам; дар кисаи чапаш будааст.

*Гуфтанд: Гапҳои бемаънӣ назан!
Гапҳоям бемаънӣ бошанд, пас маро чӣ хел фаҳмиданд?

*Дар кўча аз мардум, дар хилват аз Худо шарм дор!

*Аз пайи сад нафар бояд рафт, то сад нафар аз пайи ту биравад.

*-- Чаро дар иди Қурбон ба хонаи мо дуо кардан наомадед?
-- Шикамам сер буд.

*Адибе, ки дар зиндагӣ осори мунтахабашро гирд меорад, ба мисли шайхест, ки пеш аз марг марқади худро бунёд мекунад.

*Эҳ, рўзи таваллуд ақаллан ду рўз мешуд!

*Хулоса аз тарҷумаи филмҳои тасвирӣ дар Телевизиони Тоҷикистон:
Шукри Худо, қурбоққаву ғозу тимсоҳу хирсу гургу шағол, ҳама тоҷикиро ёд гирифтаанд!

*Дар нақши Аҷуза актрисаеро интихоб карданд, ки феълу афташ мувофиқат мекард, вале ҳунараш не!

*Вай аз зиштрўйии худ ифтихор дошт. Зеро дар нақши Аҷуза касе ўро иваз карда наметавонист.

пешина
аз 208
навбатӣ