Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
*Войи адибе, ки осораш пеш аз ў мемирад!
Хуш он асаре, ки баъди сари адиб зинда хоҳад монд!
*Ронандаи ботаҷриба он аст, ки мошинро поезд барин ором биронад.
*Муаллими зирак аз шогирдон сабақи дониш мегирад.
*Битарсед ва эҳтиёт шавед аз оне, ки сухани шуморо гўш мениҳаду ба сўҳбат ҳамроҳ намешавад, ки дузд аст!
*Он ҳамам тамошобинон аз ҷумлаи аблаҳонанд, ки саҳнаи васеи театрро бо як қуттичаи оинаи нилгун иваз мекунанд.
*Таоми гўш сухан аст, ғизои чашм дидан. Ақл чошнигир аст. Ў сер аст, агар шунидану дидан безиён бошад.
*Шоире ҳаст як шеър навишту сад кас хондаш.
Шоире ҳаст, ки сад китоб навишту як кас нахондаш.
*-- Устод, як кўмак мекардед, китобамро ба чоп расонам.
-- Калон аст?
-- Бале. Роман.
-- Ғам махўр. Кўтоҳаш мекунем. Ҳикоя мешавад.
*Асари хуб асарест, ки дар он занҷирбанди воқеаҳо чун задани дил тасвир ёбад.
*Ҳамаро метавон барои ҳамнишин гаштан бо бадон,
аблаҳон, ҷоҳилон, зиштон, маккорон, девонаҳо, дуздон,
ғоратгарон, булҳавасон… мазаммат кард, ба ҷуз аз нависанда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё