Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

*«Зўртарин!», «Бузургтарин!», «Ҷасуртарин!», «Бебоктарин!»-гуфта ончунон ситоишаш карданд, ки ҳатто аз Худо ҳам наметарсидагӣ шуд.

*Кўдаконамро қатъан нагузоштам, ки филмҳои маҳрамона тамошо кунанд.
Онҳо маро аз тамошои филмҳои тасвирӣ маҳрум карданд.

*Хандонда натавонӣ, наханд.

*Аз дуои кампираке ба шоираке:
-- Э, қаламат шиканад!

*Дар чашми ту кас чу бад намояд,
Бар хеш нигар, ҳасад намояд.

*Ба кормандон иҷозат дода шуд, ки панҷ дақиқа пеш аз заминларза тарки идора намоянд.

*-- Ҳақи қалами китобатро гирифтӣ, мегўянд! Як зиёфат намедиҳӣ?
-- Э-ҳе! Ҳақи қаламамро порсол гирифта будам. Он ҳамаро кайҳо хўрдам, ҳазм шуд, пору шуд, деҳқонони колхози «Россия» дар қади ҷўяҳои бодирингашон рехтанд!

*Ў кист?
Ки дар ҷанозааш
Бегона ҳам гирист,
Девона ҳам гирист…

Муште задам ба сар,
Чу девона худ ба худ.
Гуфтам: «Чӣ суд аз чу мане, ки дер зист?!»
Бори нахуст аз алами нобузургиям Бурдам ҳасад ба як касе, ки мурда буд…

пешина
аз 208
навбатӣ