Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан*Ба майзада як пайса хайр кардан гуноҳ аст.
*Дар сармои қаҳратун хунук назанад гуфта, ҳар ду гўшашро бурид.
*Аз кор мондани дил мурдан аст, аз кор мондани майна аз мурдан бадтар.
*Фарқи зану мард фақат дар байни по нест.
*Ягона шоир аз ноҳия буд. Ба номаш фермаи мурғпарвариро ниҳоданд. Зеро як вақтҳо дар он ҷо кор мекард.
- Ду нафар харидор назди кундафурўш омаданд.
Аз яке пурсид:
-Кундаро барои чӣ мехарӣ?
Гуфт:
-Барои ҳезум. Хонаам сард аст. Кўдаконам хунук
хўрданд. Метарсам, ки касал шаванд.
Аз дигаре пурсид:
-Ба ту кунда барои чӣ лозим?
Гуфт:
-Косахонаи дутор метарошам.
Ба вай фурўхт.
*Харидоре ба гўштфурўше нидо кард:
-Эй! Калла дорӣ?!
*Гуфтанд, ки эстрадаи ҷавонро дар лаби ҳавз ба навор мегиранд.
Қурбоққаҳо шуниданду лаб фурў бастанд ва аз хиҷолат сар даруни ҷомаҳо кашиданд.
*Вақти гусел гуфт:
-Тоб хўрда боз биёед…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё