Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
- Корфармои ошно аз рўи имконият музд медиҳад.
Бегона аз рўи инсоф.
*Сари чархи мошин ҳазорон, миллиёнҳо бор тоб мехўрад, то моро ба манзил расонад.
*Пиразан шавҳари мўсафедашро ончунон дўст медошт, ки барояш духтари ҳаждаҳсолаеро хостгорӣ намуда, ба занӣ дод.
*Дўсти беғараз ба чашмат нигоҳ мекунад, дўсти боғараз ба дастат.
*Пайваста бо худ будан ба бехудӣ мебарад.
*Номи ман нест сабти пешонӣ,
То варо хонию маро донӣ.
*Модаре гуфт:
-Аҷаб дунеё! Як пора лаҳмеро, ки дирўз дар бари ҷигарам буд, имрўз дар ҷигарам пахш мекунам!
*Яке ба дигаре гуфт:
-Ҳамаи суханонат рост аст. Аммо рости фитнаангез.
Иҷозат диҳед, Шуморо аблаҳ хонам.
*Мошинро ончунон босуръат ронд, ки ин ҷаҳонро дар як дам тай кард.
*Ду ҳамкор-дўшизаи ҳаждаҳсола ва пирамарди шастсолаи муҷаррадро дар як ҳуҷраи корӣ ҷой доданд.
Сардори идораро тибқи қонун барои дар хатар гузоштани духтар ба суд кашиданд.
*Шавқ дар хун набошад, ҳама кори ту худнамоист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё