Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
*Шахсе нодор ба дорое даст дода вохўрӣ намуду лаб ба шикоят бурд:
-Гушнаам!
Доро гуфт:
-Дастамро билес.
Гуфт:
-Чаро?
-Гуфт:
-Ин саҳар тухмбирён хўрдаам. Дастонамро нашуста аз хона баромада будам.
*Соҳибақлон гўш ниҳода, хап нишинанд. Беақлон гўш намениҳанду ғавғо мекунанд.
*Соату рўзҳои барабас рафтаамро ба чӣ метавон нисбат дод?- Гумон мекунам, ҳар тори мўйҳои сарамро якто-якто канда гирифтаанд!
*То таваллуд ҳеҷ кас будам. Баъд аз мурдан ҳеҷ кас хоҳам буд. Пас, чӣ пиндорам, ки имрўз касе ҳастам!
*Пири кўдакбон бо баҳонаи кўдак худро хап медоронад.
*Яке дар шоҳмотбозӣ се маротиба пайи ҳам ба ҳарифи худ дастболо шуда, гуфт:
-Рав, шашка бозӣ кун!
*Ба чўпон кор кардан дар ҳалқаи гургон осон нест.
Тадбир он аст, ки гоҳо аз мешҳо ба вай ҳадяҳо диҳад.
*Ҳар гоҳе, ки Худо ва он дунё ба ёдаш мерасид, намоз мехонд.
Ва ҳар гоҳе, ки аз худ ва ин дунё ёд мекард, шароб менўшид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё