Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
чанг зер кардааст. О, ба фаррош як даҳан гўед, тоза кунад, намешавад?!
-Шинед, тоза мешавад.
-
Агар хоҳӣ, ки бегуноҳӣ омўзӣ, бо кўдакон нишин.
-
Инак, зимистон ҳам фаро расид. Ғайри хунук чизе нест, ки бихўрам.
-
Саре, ки ба ҷуз парвариши шикам фикри чизе намекунад, сари ҳайвон аст.
-
Хоб дидам, ки иҷозати ворид шудан ба биҳиштам додаанд. Вале дар дами дари биҳишт фариштае меситод, ки маро дидан замон доду афғон бардошт:
-Ўро нагузоред, ки дарояд! Зеро дар он дунё ҳар рўз масту аласт омада, аз ҷонам безор мекард!
Вай завҷаам буд. -
Қарз додану бахшидан як маънӣ доранд.
*Зиндагӣ аз барои талоши мақсадҳост, на барои маоши заҳматҳо.
*Марде, ки даъвои шоирӣ дошт, шеъре пуч гуфт.
Яке гуфт:
-- Бас кун, аз барои Худо! Нагў ин « шеърҳоро!».
Гуфт:
-Чаро?
Гуфт:
-Мабодо ҳофизони имрўза шунаванд, дарҳол ба он оҳанг мебанданд.
- Як умр «Устоди гиромӣ» мегуфтамаш. Дидам, ки нашуд, миёни ҳарфи «г»-ро бастам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё