Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
-
Такаббур кирмест, ки мағзи сари инсонро мехўрад.
-
Аҷиб… Мо моҳе як маротиба маош мегирему ҷўгиён музди заҳматашонро ҳар рўз талаб мекунанд.
-
Тозагии сару либос ва тану гарданро рўзҳои душанбе муайян мекунанд.
-
Магасе, ки бисёр вингос занад, ба ҷони худ ҷабр мекунад.
-
Восеъро расани дор дар гардан, ҷонаш ба танг омад, тасбеҳро канду чошу пош дод.
-
Зинда бод судхўрони миллат, ки муаллифи «Марги судхўр»-ро Қаҳрамони миллат эълон карданд!
-
Бо мақсади он, ки ўро саҳар, расо соати ҳашт аз хоб бедор кунад, дар дасти хурўсаш соат баст.
-
-Шикаста бошам ҳам, шукр, ҳоло нарехтаам!
-Аҷаб… Пас, ту лобовой будаӣ-ку! -
Зани оқил он аст, ки на танҳо фарзандон, балки шавҳари худро низ тарбия карда тавонад.
-
Аҷаб замонае! Яке гули хўрок мехўраду дигаре гарди таом!
-
Аз одами бехосият бемузд некӣ кунад ҳам, талаб макун.
-
–Фалонӣ мурдаст, дарак ёфтӣ?
-Хайр, чӣ? Ин ҳодиса дар таърихи инсоният бори нахуст нест-ку! -
–Болои курсиҳоятонро, рафиқ сардор, як ваҷаб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё