Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-- Бале. Раҳмат, акои Аскар. Ҳатман ин корро мекунем, ба апайи Гавҳар ёрӣ мерасонем!
-- Гавҳар аст номи апаат? -- дафъатан рў ба Зумуррад гардонд Аскар. Ў бо ифодаи қаноатмандӣ аз таклифи ба миёнгузоштааш лаб лесида, лаҳзае таваққуф намуд. Ва интизори посух нашуда, аз ғояти мастӣ, ба қавле, акнун даҳанаш гарм шуда буд, боз пурсид: -- Шў надорад апаат?
-- Неъ!—дардашро базўр нишонда посух дод Зумуррад.—Э, бас! Напурсед, акои Аскар! Ҷонам баромада истодааст, охир!!!
Султонзода барошуфт:
-- Чӣ ин қадар пурсида, сари духтари бечораро гаранг мекунӣ?! О, мон, бадбахтро ба ҳоли худаш! Ба ҷароҳати дилаш намак напош!
Аскар пушти сар хорид:
-- Ҳа… фаҳмо!.. Акнун донистам, ки чанд соат пештар «апаам бизнесмен, доллар кор мекунад» гуфта киро дар назар доштаӣ! Ана «бизнес»! Зани тоҷик хишт мерезад! Ҳеъ! Шабу рўз дар дашти беодам, дар офтоби сўзон ҷон коҳондаю кор мекунад, то қути лоямуте барои худу… Фарзанд дорад, бечора апаат?
-- Ҳа, чор фарзанд…-- Зумуррад инро гуфту чашмонаш ғарқи ашк, рўяшро ба дигар тараф гардонд.
-- Ана дидӣ! Каму ғам не, чор фарзанд доштааст!— ва ҳамон гапро такрор кард Аскар— Бечора дар талоши як даҳан ризқи худ ва бачаҳояш шабу рўз, ҷон коҳонда хишт мерезад, заҳмат мекашад, ончунон коре мекунад, ки мардони ҳузарб тобу тоқати онро надоранд! Ҳмм… «бизнесмен! Ана «бизнес!» Зани тоҷик доллар кор мекунад! Эҳ, марг ба ин хел доллар! Марг ба ин аҳволе, ки занону модарони бадбахти мо аз сар мегузаронанд! Акнун донистам, ки чаро дар ҷавоби саволи ман киноя зада гуфта будӣ: «Шўяш мурдааст»!
Аммо мани каллаварам, ба кинояи ту сарфаҳм нарафтам! Яъне, шавҳари апайи Гавҳар намурдааст, зинда асту ўро-- занашро, бачу качаш, дару хонаашро партофта, ба Россия ба мардикорӣ ё ба ягон гўру лаҳад рафта, бедарак шудааст.

пешина
аз 208
навбатӣ