Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ёфтам?! Ҳамин хел-а?! !
Маротибае чандум буд, ки ў чашмони аз ғазаб ва таъсири шароб суп-сурхгаштаашро ба Зумуррад дўхт.
Аз дидагони Зумуррад қатраҳои ашк мешориданд.
Аскар истода-истода, бо бинӣ фашшос зада, бештар дар ғазаб мешуд. Дилаш қарор намегирифт, пайи ҳам мазаммат мекард, дашному ҳақорат медод:-Ҳеъ, номарде! Ҳеъ, бар падарат наълат! Мур аз ин ҳолат, ки чунин зани ҳалолу покизаро партофта рафтӣ! Э садқаи чунин зан шавӣ, нокас! Ҳеъ, зор монад, ин дунёи бевафо! Қиёмат, дўзах мегўянд! Ба худо, ин ҷост қиёмат, ин ҷост дўзах, ҳамин дунёе, ки мову шумо умр ба сар мебарем! Э вой, дигар чӣ гўям, ба ин дўзахиён, ки нагуфтанам беҳтар аст!..
Ў беихтиёр ҳунгос зада, домани гиряро сар дод.
Султонзода нобоварона ба вай нигарист. Ў дар ин чор ҳафтаи якҷоя ба шогирдон таҷриба омўзонидан, дар ин чор ҳафтаи шиносоӣ чанд бор маст шудану дар чунин ҳолат афтидани Аскарро дидаю мушоҳида карда буд.
Ҳар маротиба ўро барои беиродагӣ, барои ана ҳамин тавр, дар ғами каму кости зиндагӣ мисли занҳо гиря карданаш таънаю маломат кардааст. Аммо ин дафъа ба ҳоли ў нигариста хорияш омад. Аз афташ, бо алам сухан рондану гиря карданаш ба Султонзода сахт таъсир карда буд, ки дилсўзона ба забон овард:
-- Шояд, Аскарҷон, рост мегўӣ! Дарвоқеъ, шавҳаре, ки тайи солиёни зиёд дар бари зану фарзандон нест, мурда ҳисоб мешавад! Ва ё шояд шавҳари Гавҳар мисли садҳо ҷавонмардони ҳамдиёрамон ноилоҷ, аз каҳтии рўзгор Россия, ба мардикорӣ рафтаю пул равон мекардагист? А, Зумратҷон?
Ў чашм аз роҳи калони мумфарш наканда, қасдан ба пушт нигоҳ накард, балки натавонист ба чашмони Зумуррад дида андўхтан, ки ў якзайл, чуқур-чуқур нафас гирифтаю дардашро базўр фурў мебурд.
Мошинро сукути ногуворе пахш кард. Гўшу ҳуш ба Зумуррад дода, он се нафар мард, ба қавле ҷуръати нафас кашидан надоштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё