Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Рўи Султонзода аз шиддати ғазабу хиҷолат тираву каҷ шуда буд. Лабонаш пирр-пирр ларзида,чӣ гуфтану чӣ кор карданашро надониста, якзайл дар ҷойи худ меҷунбид.
-- Ҳеъ, забони тез дорӣ, Аскар! Ту худ мисли мору каждум ба ҳар кас неш мезанию аз мастӣ намедонӣ, чиҳо мегўӣ!-ниҳоят гардан тоб додаву беҷуръатона ғурунгос зад ў.
-- Акои Аскар рост мегўяд!—чашмони айёрашро бозӣ доронда луқма партофт Санавбар.-- Мусулмонро пеш аз ҳама аз таҳорати дилу забонаш мешиносанд.
Аммо Ҳоҷӣ Камолро он қадар даҳанаш бадбўй ки!...Доимо аз нўги забонаш хилму хатуф мерезад!
Аскар сарашро, ки аз ғояти мастӣ ҳар тараф алвонҷ мехўрд, ғолибона баланд бардошт, даст ба паси гардани Санавбар ниҳод ва мўйҳояшро сила кард:
-- Ту имшаб дар куҷо, хоб меравӣ, духтари нағз? Дугонаат нест!
-- Дар куҷо мебуд, акои Аскар. Дар ҷогаҳи худам, дар хаймаи духтарона!-бо ҷиддият посух дод Санавбар.
-- Тоқа наметарсӣ?
-- Агар метарсидам, ҳамроҳи шумо ба ин адири торики зулмот намеомадам!
-- Не! Мо намегузорем, ки танҳо хоб равӣ! Яке аз мо бояд шаб туро ҳамроҳӣ кунад, фаҳмидӣ?!
Санавбар бебокона лаб газида, як қабза мўйҳои дар қафаси сина овезонашро ба пушт партофт.
-- Пас, ку он ҷавонмарди баҷуръате, ки биёяду шаб дар бараки ман хоб равад?!
-- Шаттоҳӣ накун, Санавбар!—овозашро баланд кард Аскар.-Ман шўхӣ намекунам! Ҷиддӣ мегўям! Модоме ки «геолог мешавам» гуфта ба ин маҳали бегона омадию рўзу шабро дар канори мардон мегузаронӣ, аз зан буданат бояд фаромўш бикунӣ!
-- Ман ҳам рост мегўям, акои Аскар. Кошки марде як шабак дар барам ояду маро ҳамроҳӣ кунад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё