Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-- Пас, худат интихоб бикун. Киро ҳамроҳ мегирӣ?
-- Киро мебуд, акои Аскар? Ба ғайри Шумо кӣ ҳам муносиб мебуд, то маро дар ин мулки «бегона»
«соҳибӣ» кунад?
-- Кӣ гуфт, ки ту «бесоҳибӣ», Санавбар?—ин навбат бо ҷуръат овоз баланд кард Султонзода, ки ҳанўз аз сухани охирини Аскар димоғаш сўхта дуд мекард.-Ту имшаб ҳамроҳи ман Душанбе меравӣ! Фаҳмидӣ?!
Санавбар сар хам кард, сукут варзид.
-- Ин амр аст, «устод?»—даҳанашро ба мазоҳ гиҷ карда, бо киноя пурсид Аскар.
-- Ҳам амру ҳам хоҳиш! Охир, ман устодаш, муаллими ў ҳастам, ҳақ дорам ба вай амру супориш диҳам!
Ман ба неку бади ҳар яки ин ҷавонон ҷавобгарам…
Баъд, Санавбар пиёда намеравад-ку! Мошин тайёр.
-- Чаро танҳо мемондааст? Нашунидӣ-чӣ, Султонзода?— паст нафаромад Аскар.- Ҳеъ! Ҳоло ман ва ана ин ду йигит намурдаем, ки Санавбар бо Шумо биравад!
Хез, Санавбар, рафтем, ман худам дар бари ту, дар ҷогаҳи Зумрат хоб меравам! Биё-ку, ҷогаҳи Зумратро ба ман нишон бидеҳ!
Ў аз ҷой бархост. Аз ғояти мастӣ на тан, на пойҳо, на сараш ба ў итоат намекарданд. Ба пеш нигарист. Раҳ интихоб мекард, ки ба кадом сў равад? Каллаи гарангашро ин сўю он сў тоб дода, нигоҳҳояшро ба муқобил-ҷониби хаймаи духтарон ва чапу рост давонд. Аз афташ, қадам гузорад ҳам, рост рафта наметавонист. Шояд каҷмакаҷ пой ниҳода, дар санге ё кундае пешпо хўрда афтад? Он гоҳ дубора рўи по истоданаш дар гумон!
Санавбар китфашро дар зери бағали ў ниҳод. Аз миёнаш оғўш кард. Дасти Аскарро аз гарданаш гузаронид.
-- Биё, рафтем, акои Аскар, туро бурда дар ҷогаҳи Зумрат хобонам.
Аскар пойҳояшро беҳаракат ба ҳар ду тараф сар дода, бори танашро ба тамом ба китфони Санавбар партофта буд: Санавбар дар зери бори гарони ҷуссаи ў базўр роҳ мерафт, мисле ки ҷасадеро кашола карда мебурд.

пешина
аз 208
навбатӣ