Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Агар дар ин дунё ҳақ ба ҷо мебуд, ин ҳама намояндагон, саркардагони дини мубини ислом намефурўхтанд китобҳои илоҳиро, бо дасти ноширон, муллою нимчамуллоҳо, эшону сайидзодаю қориён, савдогарону тоҷирон, миёнараву ҷаллобону қаллобон ба мардуми авом, ки худ базўр рўз мегузаронанду ташнаи илму ирфон, ташнаи ҳар қатраи ин дарёи беканори маъониянд! Намегўянд, ки фурўхтани китоби муқаддаси Қуръони маҷид, ки ҳазорон-ҳазор, миллиёнҳо нусха чоп мешавад, убол аст, куфр аст! Гуноҳ аст, ширк аст ба каломи Худои мутаол нарх гузоштан, қиммат гузоштан!
Бале, моҳе қабл харидӣ як нусха ин китоби муқаддасро, аз нархи аслияш чаҳор баробар зиёд! Ва рўзе мастомаст аз назди дўконе мегузаштиву чашмат ба ҳамин гуна як китоби калони зебою мунаққаш афтод, ки дар муқовааш навишта шуда буд: «Китоби муқаддас». Барои муқоиса аз фурўшанда қиммати онро пурсидӣ. Фурўшанда, ки марде буд зарринмўй, дар посух гуфт: «Бигиред, ин китоб ҳадя аст ба ҳар кӣ майли хондан дорад!». Чун ба хона оварда кушодӣ, дарёфтӣ, ки китоби масеҳиён-Инҷил будааст. Ва ҳамин як ҳафта пеш, дар ҳамин ҷо, дар ҳамин лаби дарёчаи Харангон, ки нишастаӣ, Ҳоҷӣ Камол он китобро дар дастат дида, таънаю маломат кард, ки «Ҳайфи ту! Мусулмон шуда, китобҳои мансухро мехонӣ!». Ва ту ўро боб карда бо як суол мулзам гардондӣ: «Оё хондаӣ, боре варақ задаӣ ин китобро, ки илм аст! Балки Қуръонро ҳам чун илм наомўхтаӣ! Барои «савоб», барои худнамоӣ харидаиву дар даҳ қабат матоъ печонида, дар тоқи ҷевон гузоштаӣ ва кофир шавам, агар боре ҳам онро варақ зада бошӣ!»
Аскар ҳар қадар мекўшид, наметавонист худро раҳо кардан аз ин ҳама хаёлоти бесару нўг. Як нўги ин калобаи чигилгаштаро мекушоду нўги дигараш гиреҳ мезад ва боз мекушод, боз ба ҳам мепечид, боз чигилтар мешуд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё