Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Эҳ, ин дунёи буқаламун! Бо ин ҳама ноадолатию фанду дурўғу кизбу риёкориҳо куҷо мебарад моро?! Охир, як ба ҷамъияти имрўза, ки онро «демократӣ» , «дунявӣ» эълон кардаанд, ба атроф нигар, чӣ корҳое шуда истодааст! Ин дунёи беадолату ваҳшоният чӣ қадар беваю бечорагон, мустамандон, занону духтаронро ба коми худ кашида, ба кўчаҳои ноумедӣ, хорию зорӣ афкандааст! Онҳо ба хотири як пули пучак номуси худро мефурўшанд! Дар ҳар гўшаи шаҳр бозори ҷалабҳо кушодаанд. Онҳо барои сарватмандон мурғакони паркандаанд дар чанголи гургони ваҳшӣ!
Афсўс! Во дареғ, во дареғ! Худои мутаол рўзе, ки оламу одам офарид, чӣ гуфт? «Мо ҳама неъматҳои худро барои инсон офаридаем! Ба чорпоён нафс, ба инсон ақл додаем!»
Ҳамагӣ чанд сол умр мебинад инсон?! 60, 70, 100? Баъд чӣ?
Он ҳама молу сарват, давлату савлатро куҷо мебарад? Ба хок?! Ба гўр?! Чаро бисёриҳо дар ин бора андеша намеронанд, балки намехоҳанд андеша рондан! Балки Ҳоҷӣ Камол барин гўрсўхтаҳои бедиёнат ҳатто ба гўшаи хаёл ҳам намеоранд, ки дар ин Дунё, ҳар он чӣ бидуни инсофу адолат ғундоштӣ, сиёҳ аст, сип-сиёҳ ва ахиран сафед мешавадкафан аст ва он кафан низ ба зудӣ мепўсад, сиёҳ мешавад, як каф хок мешавад-хоки Замин, ки то ҳанўз рози онро, асрори онро касе нафаҳмида, накушода, кашф накарда…».
Аскар аз пайи ин ҳама дунёи хаёлот, ки аламашро торафт зиёд мекард, қасд кард, ки ҳоло рафта, «Исқотӣ»-ро меёбаду аз гиребонаш мегирад, бо калла як-ду сумбоқӣ дар таҳи манаҳаш мефурорад! Майибу хуншораш мекунаду ба ҳамин кӣ буданашро ба Гавҳару ҷиянаш ва дигар «варзобиҳо» нишон медиҳад!
Бо ҳамин ният рў гардонд ба пушт. Сар боло карда, раҳсипор шуда буд, ки ғайричашмдошт бо Ҳоҷӣ Сафарбек дучор омад. Сафарбек бо лабони пуртабассум ва нигоҳҳои гарму ширин, бо тамкин ба истиқболаш қадам мениҳод. Ў танҳо набуд. Ҳамроҳаш ҷавоне ба тахмин 19-20-сола, дипломате дар даст дошт, ки одатан зиёиён бо худ гирифта мегарданд.
-- Ассалому алайкум, Аскарҷон! –шитобон омада, ўро бародарвор дар оғўш кашид Ҳоҷӣ Сафарбек.

пешина
аз 208
навбатӣ