Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
— Обидова Санавбар, раиси ҷамоаи Оббурдони мо,
— шинос кард Азизов.
Баъд ӯ бо Обидова масъалаи соз кардани кадом як роҳро муҳокима карда, фардо ду нафар коргар фиристоданӣ шуд. Сипас, раиси ҷамоа ба кор андохтани чойхона
— ошхонаеро пеш гузошт. Баъд аз гуфтугузори зиёде ба ҳамин қарор омаданд, ки ошхонаро дар сари роҳи калон райфо созад.
Дар ин миён ягон-ягон панҷ-шаш нафар колхозчиён дар идораи раис ҷамъ шуданд. Дар таҳи дари раис монанди роҳбарони дигар котиба нест. Дари кушода, ҳар кас кораш бошад, даромада омадан мегирад.
Дар деҳа ҳама якдигарро медонанд, ҳеҷ сири пинҳонӣ нест; кору бори ҳар як фард, аз ришта то ба сӯзан ба ҳама равшан аст.
Яке аз ҳозирон аз тиреза сар берун карда, милисаи аз дур ба сӯи идора омадаро дида, гуфт:
— Милиса меояд. Додараш аз ҳарбӣ омад, барояш кор мепурсидагист?
Раис гуфтугӯяшро бо як нафар ба охир расонду дигаре ба мизи ӯ наздик рафта нишаст.
— Ҳа, омадӣ?
— Омадам. Ягон хизмат буд? — ҷавони лоғарандом чашм аз замин набардошта маҳзун гап мезад. Аз овози вай пай бурдан мушкил набуд, ки ӯ дар дил андӯҳе дорад.
— Хонаат тинҷ, бачаҳо дуруст? — раис бо як оҳанги нарму дилсӯзона ҷавонро ҳолҷӯӣ карда, ба рӯи вай бодиққат зеҳн монд.
— Раҳмат, ҳамааш соз.
— Як путёвка диҳам, рав, камтар дам гирифта биё.
— Путёвкааш чӣ? Ҳайрон шуд ҷавон.
— Роҳхат-дия, ба курорт ё осоишгоҳ.
— Раис, худатон медонед... Ин қадар ташвиш ба сарам омад... Ҳозир пул надорам... Бепул чи хел меравам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё