Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
— Пул медиҳем. Чи қадар даркор?
Ҷавон дақиқае фикр карда, хомӯш монд.
— Хайр, як дусад сӯм бошад, мешудагист? — Ӯ саволомез ба раис нигарист. Дар лабонаш аз шарм табассум давид.
— Сесад сӯм медиҳем. Барои бачаҳоят дастовез ҳам биёр.
Баъди баромада рафтани он ҷавон ман аз раис пурсидам, ки ӯ кӣ буд, чаро ба осоишгоҳ фиристоданиед.
Раис ба ҷавоб даҳон нокушода, яке аз ҳозирон, ки ҳоло ба курсии арздорон менишаст, пешдастӣ карда ба ман ҷавоб дод:
— Тракторчии нағзамон. Як-ду моҳ пеш ҳамсараш аз дунё гузашт, кӯдакони хурдаш монд. Хайр, модараш ҳасту... Бозам ҷудо зиқ буд, — баъд вай ба раис рӯ оварда гуфт: — Нағз кардед, раис.
Азизов ҳамаи ҳозиронро гуселонда, бо намояндагони бригадаи ғаллакорӣ Нор Азизмерганов ва Сафар Беков дар як масъалае гарму ҷӯшон баҳс карду “дар ин хусус бо аъзоёни правления маслиҳат кардан даркор, агар правления розӣ шавад, ман розӣ”, гӯён мегуселонд, ки аз дар се нафар меҳмонони дигар даромаданд. Аз сару либос ва нишасту хезашон маълум буд, ки инҷоӣ нестанд.
Лаҳзае ба гуфтугузори онҳо гӯш дода фаҳмидам, ки намояндаи ПМК будаанд. Колхоз ҳаммомро бо қувваи худ сохту монтажи онро бояд, ки ПМК анҷом медод. Азбаски ПМК ҳуқуқи ингуна биноҳоро сохтан надорад, банк пул нагузарондаст. Ба ғайр аз ин, сохтмон дар плани истеҳсолии колхоз набудааст.
Баъди он, ки сариқтисодчии колхоз ҳуҷҷатҳои даркориро бардошта омад, ҳамагӣ як ҷо нишаста, ин масъаларо ҳал карданду раис аз ҷо бархост.
Мо ҳамроҳи раиси колхози “Комсомол” Мирзо
Азизов аз кӯчаҳои деҳкада гузашта меравем. Сокинони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё