Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
деҳа мегӯянд, ки ҷамоаи онҳо аз ҷиҳати афзоиши аҳолӣ дар мамлакат ҷои аввалро гирифтааст.
Намедонам, ин даъвии онон то чи андоза саҳеҳ аст, аммо ҳаминаш аён буд, ки кӯчаҳои ин деҳкадаи сабзу хуррам ҳамеша бо кӯдакон ободӣ дошт.
Ман ба раис аз ҳар хусус савол медиҳам. Ҳис мекунам, ки баъзан саволҳои ман ба ӯ аз ҳад зиёд оддӣ менамоянд. Баъзе саволҳое, ки оҳанги кунҷковӣ доранд, ӯро ба андеша водор мекунанд.
Ду тарафи роҳ пайваста боғу роғ, кӯчаҳо пурсоя, аз ҷӯйбори канори роҳ оби равон ҷорист. Ман бо ҳисси кунҷковӣ аз дари кушодаи баъзе ҳавлиҳо ба дарун менигарам. Хонаву айвонҳо бениҳоят фақирона. Агар ягон марди хориҷӣ сурати ин хонаҳоро бубинад, оғил гумон мебарад. Деҳоти нодорони Африқо ҳам аз инҳо ободтар... Хонадони деҳқони тоҷик бо истиқоматгоҳаш понздаҳ сотих замин дораду бас. Бинобарон, заминро эҳтиёт мекунад. Замини рӯи даричаашро гулзор кардани деҳқон нишонаи бағоят осудаҳолии ӯст. Баъзе иморати таҳхонадори дуқабата, ки аз хишти пухта бо тарҳи имрӯз андохтаанд, ба деҳа ҳусн меафзоянд. Соҳиби инчунин иморатҳоро мепурсам. Механизатори колхозу саркор кам, аксаран ягон мансабдор, ходими савдо...
Баъд раис шарҳ медиҳад:
— Ҳоло дар колхоз касби механизаторӣ аз ҳар як касбу кор дида сердаромад аст. Механизаторон моҳе аз сесад-чорсад сӯм кам намегиранд. Аммо ҳанӯз ба ин замин сахт дилбастагӣ надоранд.
Ба қадаммонии раис менигараму суханони Усмони Олим ба хотирам мерасад, ки гуфта буд: “Мо ӯро Мересьеви масчоҳиён мегӯем. Аз ҳамон хел ҷонсахтҳо-дия. Ба ҷои вай каси дигар бошад, аз хонааш берун намебарояд...” Куҷои ин одам бемор бошад? Дар ӯ ҳеҷ осори хастагӣ надида, он суханонро боз аз сарам дур мекардам.
Мо дар домани деҳа ба назди комбайни силосбурӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё