Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҲИССИ ЛАТИФ ВА ТАБЪИ СОЛИМ
ПАРВАРЕМ!
(Гузориш дар маҷлиси шӯрои
адабиёти бачаҳо ва наврасон, 10.04.79)
Ҳар як инсон бо ҳазорон риштаҳои қалбу рӯҳ ба Ватан, ба халқи худ пайванд аст. Яке аз ин риштаҳо — каломи зиндаи модарӣ аст. Педагоги маъруфи даврони мо Сухомлинский навишта буд: “Муҳаббати ватан бе меҳри каломи модарӣ вуҷуд надорад. Аз сари сидқ бо ақлу дили худ назокат, бузургворӣ ва қудрати Ватани бисёрмиллати моро фақат касе идрок кардан метавонад, ки ӯ ба қадри каломи модарии худ расидааст: Ҳар инсоне, ки забони модари худро дӯстдор нест, ҳар он касе каломи модарӣ ӯро изтироб намеангезад, инсони бенасиб ва бетабор аст”.
Дарси забону адабиёт ва кӯдакон фақат донишу малака намедиҳад. Дарси забону адабиёт — ин дарси тарбия, дарси завқу салиқа, дарси ақида, сабақи рӯҳӣ ва маънавӣ, дарси одамгарӣ аст! Бинобар он ҳам, ин илмро бояд ба бачаҳо муаллимони соҳибҳунар омӯзанд. Бачаҳоро на фақат бо грамматика балки бо каломи зиндаю рангине, ки дидҳоро ба изтироб меоварад, ошно бояд кард. Бигзор, ҳар яке аз хурдӣ афсонаю ҳикояи худашро иншо кунад, — аз борони баҳор, лонасозии фароштурукҳо, аз боғи шукуфта ва хирмани тирамоҳ бо сухан тасвири равшан ва мӯъҷазе офарад ва аз каломи дилрабо ва ҷилодори худ завқ барад.
Аҷаб не, теоремаи Пифагор ба баъзеи онҳо ҳаргиз даркор нашавад, аммо осори Саъдию Ҳофиз, Айнию Турсунзода барои ҳар яки онҳо зарур аст.
Эҳсоси зебоию нафосат ва диду завқи баланду салим ба ҳам тавъаманд. Беҳуда нагуфтаанд: “Ҳавопаймои зебою хушнамуд хубтар парвоз мекунад”. Маҳсули дасти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё