Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

одами соҳибзавқ, ҳам сифатан, ҳам бо шакли зебо, ҳам аз ҷиҳати рангубор дилнишин ва мукаммал аст.
Ҳисси зебошиносии бачаҳоро бояд аз хурдӣ бедор кунем. Эҳсоси нафосатро мебояд аз боғча, аз солҳои нахустини таҳсил дар мактаб бояд дар дили онҳо ҷо кард. Имрӯз бояд иқрор кунем, ки дар ин бобат вазъи кор начандон хуб аст. Ҳар сол ба мураббӣ ва муаллимони бисёр диплом медиҳем, дар маҷлису ҳисоботҳо аз шумораи онҳо бо ифтихор сухан мегӯем, вале муаллимони хубу мураббиёни хушсалиқа дар мактабу боғчаҳои мо хеле каманд, алалхусус, дар гурӯҳҳои тоҷикӣ.
Мураббиён ва муаллимони мо кам китоб мехонанд, аз пешрафти адабиёту санъат, асарҳои нави адибону рассомон бехабаранд.
Аз мураббию муаллим чӣ ҷои гила, вақте ки баъзе муаллифони китобҳои дарсии мо ҳанӯз шеъри дилрас ва ҳикояи ибратомӯзро аз навиштаҳои адибтарошони безавқ тафовут намекунанд. Ба ин порча, ки “тезгӯяк” ном дода, барои кӯдакони синфи якум пешкаш кардаанд, мулоҳиза фармоед:

Ду гул ба чаман рафта
Биоварданд гул,
Як Гул ду гул овард,
Дигар Гул як гул.
Он Гул ба Гули дигар
Бигуфто: — Эй, Гул,
Ман Гул ду гул овардам,
Ту Гул — як гул.

Ба аҳли имлу адаб пинҳон нест, ки дар адабиёти шифоҳии тоҷик чӣ қадар тезгӯякҳои фасеҳу бамаънӣ ҳаст!
Дар боби тарбияи маънавӣ ва эстетикии бачаҳо ба зиммаи нашриёти “Маориф” хидмати муҳимме афтодааст. Нашриёт ҳар сол даҳҳо китобҳои дарсӣ, луғату дастурамал, маҷмӯаҳои шеъру ҳикоя, қиссаю афсонаҳо нашр

пешина
аз 393
навбатӣ