Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мекунад. Ходимони нашриёт пайваста саъй доранд дар ҳамкории муаллифон сифати китобҳоро беҳтар кунанд, талаботи рӯзафзуни бачаҳои моро ба китоб — ба ғизои маънавӣ ва рӯҳии инсон қонеъ созанд. Бо вуҷуди ин ҳама, имрӯз рафҳои дӯконҳои китоб аксар аз китобҳои тоҷикӣ холӣ аст. Китобҳои хуб намерасад. Аз як тараф, ин ҳол хеле хушнудибахш аст: мардуми мо саросар китобхон ва китобдӯст шудаанд. Ҳайфо, ки мо имрӯз талаби ӯро пурра қонеъ намекунем. Бесомонии кори матбаа кӯшиши ҳамаи моро ба бод медиҳад. Фақат аз як шӯъбаи адабиёти бачаҳо ҳар сол аз кашолкории матбаа 7-8 китоби ҳаҷман начандон хурд ба дасти хонанда намерасад.
Адибони ҳамқалами мо аз республикаҳои бародар мегӯянд, ки фурсат намеёбанд, фармоиши нашриётҳояшонро навишта супоранд. Дар мо баръакс, адиб аз паи чопи асараш баъзан дилхун мешавад.
То ки дорои китобҳои хубу аъло бошем, мо бояд бештар китоб нашр кунем, адибонро ба навиштан илқо созем. Дар урфият мегӯянд: аввал гала кун, сонӣ сара кун!..
Аммо аз қавли ҳолдонҳо чунин бармеояд, ки дар солҳои наздик кори матбааи мо сомон намеёбад. Бинобар он ҳам, мо нашри китобҳои адабиро имсол камтар ба нақша гирифтем. Ҳол он ки бо иқтидори матбааи худ республика метавонад нисбат ба имрӯз даҳ баробар бештар китоб нашр кунад.
Чун мавриди сухан аст, бояд гуфт, ки ҳанӯз дар адабиёти бачаҳо асарҳои хому бетаъсир, дилгиркунанда кам нашудаанд. Танқисии китоб имрӯз имкон додааст муаллифони беҳунар ҳам бо даъвоҳои калон-калон забондарозӣ кунанд, зеро китоби нағзу бад — ҳама ба фурӯш меравад ва ноширони мо ба ҷуз ангушти тааҷҷуб газидан дигар чорае надоранд. Зотан, пешгирӣ кардани нашри осори хому бетаъсир аз ҳар мушкиле мешкилтар аст, зеро муаллифони он асарҳо беҳунарии худро нағз медонанд ва аз ин рӯ дар роҳи мақсад тамоми василаҳоро ба кор меба

пешина
аз 393
навбатӣ