Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ранд.
Агар танқиди адабии мо вазифаашро сидқан, аз инсоф, бетаассуб адо мекард, дар адабиёти бачаҳо асарҳои бетаъсир хеле кам мешуданд. Бисёр адибон ҳанӯз ҳам ин соҳаро кори саҳл мепиндоранд, бачаҳоро фирефтанӣ мешаванду худро ба ин майдон мезананд. Афсӯс, ки онҳо фақат худро мефиребанду бас. Дар адабиёти бачаҳо ҳам истеъдод шарти зарурӣ ва бебадал аст!
Ба фикрам, то даме ки адибон ба танқиди адабӣ даст назананд, дар ин бобат муроди мо ҳосил намешавад.
Соли гузашта — яъне соли 1978 журнали “Садои Шарқ” роҷеъ ба китобҳои дарсӣ тақризҳо дод, ки сарфи назар аз сатҳӣ ва сабукгирии баъзе аз он навиштаҳо ин кори савобе буд. Агар идораи маҷалла ҳар сари чанд вақт ба ин соҳа руҷӯе менамуд, айни муддао буд. Алалхусус, забони китобҳои тарҷима, махсусан, илмҳои дақиқ ба таҳлилу такмил мӯҳтоҷ аст.
Аз мунаққидон ва идораи маҷаллаи “Садои Шарқ” гилагузорӣ ҳам ҷоиз аст: соли гузашта нашриёти “Маориф” барои бачаҳо 39-номгӯй китоби адабӣ нашр намуд.
39 китоб адабӣ! Вале дар саҳифаҳои маҷалла ба ягонтои ин китобҳо тақриз ва ё китобиёте нахондем. Як соҳаи муҳими адабиётро батамом аз мадди назар андохтани танқиди адабии мо кори хуб набудагист?! Мунаққидони мо бештар ба тавсиф ва ташвиқи китобҳои якдигар саргарм буданашон касро боз бештар ҳайрон мекунад.
Соли гузашта 5 китоби мунаққидон ва адабиётшиносон нашр шуд ва дар саҳифаҳои журнал ба ҳамаи он 5 китоб тақризҳои муфассал ба табъ расид. Чунон ки мегӯянд обмӯрӣ аз боғ калон гаштаст, рафиқон!
Адабиёт ба мисли оби уқёнус пайваста худро аз ҳамаи олоишҳо покиза мекунад. Агар танқиди адабӣ дар ин роҳ ба адабиёт зудтар мадад расонад, нураналонур буд.

пешина
аз 393
навбатӣ