Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

НОМ ВА НОМГУЗОРӢ

Бешак, ҳар як инсон худ номи худро баланд ё паст зебо ё зишт мекунад. Бо вуҷуди ин, ба фарзандон номи некӯ додан аз вазифаҳои фоҷибтарин аст.
Номи инсон як умр ҳамсафари ӯст. Хоҳӣ бад кунад, хоҳӣ нек, баробари инсон номи ӯ ҳаёт аст, балки баъди вафот ҳам.
Дар Аврупо аз қадимулайём инсон бештар бо фомилии худ шӯҳрат дорад, аммо дар баъзе мамолики Шарқ имрӯз ҳам одамон бо номи худ маъруфанд, на ба номи падар. Фомилии нависандаи маъруфи ҳинд Нарайан — Розипурам Кришнасвами аст. Нарайан номи худи вай аст. Адиб дар зери осораш “Р.К.Нарайан” менависаду бародараш рассоми маъруф “Р.К. Лаксман”. Оре, инсон бояд, бо номи худ фарқ кунад, на бо номи падар.
Саъдии бузургвор беҳуда нагуфтааст: “Гирди номи падар чӣ мегардӣ, падари хеш бош, агар мардӣ”.
Чунон, ки гуфта шуд, ба фарзанд номи нек додан яке аз шартҳои аввалдараҷаи падарию модарӣ аст. Падару модар дар номи барои фарзанд интихоб кардаи худ ифодаи кулли орзую ҳаваси худро мебинанд ва онро бо рағбати тамом ба забон мегиранд. Агар касе номи фарзанди онҳоро ноқису нопура ба забон гирад, шиканад, таҳриф кунад, сахт меранҷанд. Бинобар он, дар интихоби номи фарзанд пеш аз ҳама ба падару модари навзод ихтиёр бояд дод то ки онон ба фарзанди худ номи дилхоҳашонро диҳанд.
Агар кас дақиқ мушоҳида кунад, дар номҳои мардуми ҳар як маҳал табъи бадеъ, завқи ҷӯшон, донишу хирад ва ҷаҳонбинии он касонро дарёфтан мумкин аст.
Умуман, дар бобати рангорангии ном метавон яқин гирифт дар байни миллатҳои олам кам андар кам халқе ба мардуми мо ҳамсарӣ дорад. Ба ин номҳои шевои духтарони тоҷик мулоҳиза фармоед: Шарбат, Ҳикоят, Гулзода,

пешина
аз 393
навбатӣ