Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ГАПРАВӢ ҲАМ ҶИНОЯТ АСТ!

Дар мактуби Майрамбӣ ба идораи рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” агарчи як моҷарои хурду дар назари аввал начандон муҳиме баён шудааст, вале онро духтарак аз умқи зиндагии худ бардоштааст. Бинобар он ҳам, навиштаҳои ӯ аз назари хонандагон беасар нагузаштанд ва хеле ҷавонону духтарони рӯзномахон изҳори ақидаи худро дар ин боб ба идораи рӯзнома ирсол кардаанд.
Биёед, воқеаро дигарбора пеши назар биоварем:
Майрамбӣ ба мактаби дигар равад ҳам, аз дугонаҳои айёми бачагиаш дил кандан наметавонад ва оқибат ба мактаби пешини худ бармегардад. Аз миён муддати зиёде нагузашта бо дугонаи наздиктаринаш Мағфират гапаш мегурезад ва Мағфират дигаронро талқин мекунад, ки баробари ӯ бо Майрамбӣ ногап шаванд. Оре, Майрамбӣ айнан чунин навиштааст: “Духтарони дигари синфамонро ба гап гирифта, ҳамаро бо ман ногап намуд”.
Мактуби Майрамбиро хондаму кори ана ҳамин “духтарони дигар” маро беқарор кард. Бале, ба ҳоли ду дугона — Майрамбӣ ва Мағфират афсӯс кардам, ба нопойдории дӯстии онҳо дилам сӯхт, вале аз ваҷҳи он дугонаҳои дигар, ки ба ин дараҷа гаправ, номустақил ва кӯтоҳбину кӯтоҳандеш будаанд, сахт оташин гаштам.
Наход ки ҳеҷ яке аз онҳо бо ақли худ амал накунад?!
Наход ки ҳама кӯр-кӯрона ба Мағфират пайравӣ карда бо дугонаи худ бесабаб ногап бошанд?
Чунин менамояд, ки Майрамбӣ духтари зудбовар аст, ба дӯстию муҳаббати бардурӯғ фирефта гаштааст ва ҷои аҷаб нест, ки ӯ бо ин гуна хислат дар зиндагӣ хеле ранҷ хоҳад дид, баъзан фиреб хоҳад хӯрд.
Мағфиратро фақат ба навиштаҳои Майрамбӣ такя намуда маломат карданам хатост. Балки вай ҳам барои инчунин бешафқатӣ асосе доштагист, аммо духтарони

пешина
аз 393
навбатӣ