Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

заҳмат кашид. Вале деҳқон, он, ки аз хурдӣ бо замин пайванд аст, барои боғу полиз ва моли худ вақт ҳам меёбад, қувва ҳам. Миёни мардуми мо муддатҳост, ки расм шудааст: парвариши мол ва бештарин кори боғу полизро бачаҳо ва пирон саранҷом мекунанд.
Ҳайфо, ки баъзан деҳқонон аз магазинҳо каланду бел, хаскашу панҷшоха ва замбарғалтак барин олоти оддиро намеёбанд. Вақт аст, ки саноати маҳаллӣ сохтани асбобу олоти зарурии деҳқононро ба роҳ монад.
Деҳқонон бояд аз магазинҳои шаҳр мисли имрӯз қуттӣқуттӣ тухми мурғ ва меваю сабзавот не, балки насосҳои обкашӣ, дорупошакҳо, аробачаҳо, мотоколяскаҳои “мӯрча”, асбобу олоти гармхонаро харид кунанд.
Чанд сол боз аз хусуси аҳамияти меваи тут барои сиҳатии инсон сухан мегӯянд, дар матбуоти рӯз мақолаҳо интишор мекунанд. Вале тути балхӣ ҳанӯз ҳам беҳимоят табар мехурад ва дар шаҳру деҳ охирин бехҳои он аз миён меравад.
Тобистони порсол аз шаҳри Боку раҳгузар будам.
Баъзе аз мавзеи ин шаҳр ба ҳадде тутзор ва ҳама тути пайвандии ширин буд, ки саҳаргоҳон фаррошҳо дар сари роҳҳо ва кӯчаву хиёбон меваи тутро рӯфта тӯда мекарданд. Мани шефта ва ҳайрон ба он тӯдаҳои тути сафед менигаристаму чигуна бо нияти тутхурӣ ҳар сол аз Душанбе ба Самарқанд меравем, ба ёдам мерасид ва ҳасратомез оҳ мекашидам. Барги тути пайвандӣ барои ғизои кирми пилла чандон созгор нест, сипас чаро то имрӯз буридани онро манъ намекунем? Агар буридани онро манъ мекарданд, дар боғҳо тути ширину гуворо аз нав мақому манзилати пешини худро меёфт.
Пойтахти республикаамонро шаҳри Душанбе дар миёни ду руди сероб воқеъ афтодааст, аз ду паҳлу наҳрҳои Душанбе ва Кофарниҳон домани онро бӯсида мераванд. Аммо сокинони шаҳр ҳар сол баҳорон ниҳол мешинонанду тобистон аз камобӣ қариб аксари он

пешина
аз 393
навбатӣ