Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
мо ҳасрат мехурем, ки кай ҷамъияти мо ба дараҷаи онон мерасида бошад.
Айёми охир дӯконҳои китобфурӯшӣ, саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо аз осори хому пуч ва безавқона пур шуда… Ҳуҷуми ин селоби харобкор рӯзафзун аст. Ба назар чунин мерасад, ки сабаби ин ҳол пеш аз ҳама вазифаи худро ба дурустӣ адо накардани танқиди адабӣ аст. Агар танқиди адабӣ ҳар як асари хомро сари вақт, аз он, ки муаллифаш кисту пуштибони вай киҳост, сарфи назар карда, хому сақат гӯяд, ин касон дар паи нашри хомкораҳои худ ин қадар ҷадал намекарданд. Баъзе мунаққидон ҷои он, ки ба таърифу тавсифҳои пуриғроқи осори адибони шинохта гаштаю баргашта руҷӯъ кунанд, чи хуш буд, гоҳе фелетони адабӣ менавистанд, ки аз он ба адабиёт манфиате мерасид. Ҷои гиламандист, ки баъзе мунаққидони мо даҳ солу бист сол боз нони ин касбро мехуранд, аммо боре ба худ савол намекунанд, ки ба адабиёт чи хидмате карданд. Маро ҳаргиз гумоне намерасад, ки ҳамаи ин касон осори адабиро куллан сарфаҳм намерафта бошанд. Онҳоро эҳсоси масъулият назди адабиёт, дар назди ҷамъият, ба фикрам, камтар аст. Аҷаб не, тарси ночиз, ҳирс, тамаъ рӯҳи эҷодкории ононро билкулл куштасту дигар дар қайди ақидаҳои қолибзадаи кӯчагию бозорӣ сахт дармондаанд. Аз ин аст, ки ҳеҷ як адибе ба назди ин тоифа мунаққидон пеш аз нашр дастнависи асарашро намебарад, фикри ононро намепурсад. Аслан, агар ба дурустӣ иқрор кунем, аксари кулли гурӯҳи аъзои ИН, ки мо мунаққиду адабиётшинос мегӯем, ба дараҷаи як хонандаи нағз адабиётро намефаҳманд.
Аксар мешавад, ки мунаққидони мо чун аз боби осори мамдӯҳони худ сухан мекунанд, ҳадди эътидолро фаромӯш карда, худ бехабар ё аз ҳайси тунукандешӣ бошад, тавсифро ба тамоҳира ва мазоҳӣ сирф бармегардонанд. Мисоли ин даъво суханони доир ба шеъри Лоиқ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё