Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ва Бозор Собир навиштаи яке аз мунаққидони пуркорамон Юсуф Акбаров аст. Ӯ чунин тавсиф медиҳад: “Ин шоирон шеърофаринанд, шеъри онҳо на шеъри оварда, балки шеъри омада мебошад, шеърест, ки чун чашмасорони кӯҳистони мо дар ҳама фасли сол аз қаъри замин, аз байни лаълҳо(?), моломол(?), зиндагии абадӣ(?) мебахшад. Аз ҳар шеъри онҳо садои беором задани қалби ҳассосу бӯи хуну ҷон(?) меояд. Аз ин пас шеъри онҳо зиндагизою ҷонофарин аст…” Инсоф диҳед, Юсуфҷон, агар аз таъбирҳои бемантиқатон сарфи назар намоем, барои шеъри кулли шоирони гузашта ва оянда дигар сухане баландтар аз гуфтаҳои шумо нест, ки нест. Ниёгони пешини мо таъбири “ҷонофарин”-ро ба Фирдавсию Низомӣ ва Саъдию Ҳофиз муносиб надонистаанд, фақат ба худо мувофиқ ҳисобидаанд. Ҳол он, ки ин шоироне, ки шумо шеърашонро “ҷонофарин” мегӯед, аз шуарои қаторианд. Азбаски имрӯз мо Иқболе ё Ғамзатову Евтушенко барин шоире надорем, дар назари шумо онон бемисл ҷилва кардаанд. Ин тарз суханронӣ махсуси фақат Акбаров ё Набиев ва амсоли онҳо не, балки аксари кулли мунаққидони мо дар осори мамдӯҳони худ қариб нуқсон намебинанд. Мақолаи Сайфуллоев “Тадқиқи бадеии ахлоқи ҳамзамонон (“Садои Шарқ”, № 2) доири повестҳои солҳои охир фикри маро далел аст. Наход ки дар повестҳои Ф.Муҳаммадиев, Кӯҳзод, Турсун ҳеҷ нуқсоне ба чашм нарасад?!
Ҳол он, ки агар мунаққид қатъият зоҳир мекард, дар ин асарҳо нуқсонҳои ҷиддӣ ҳам дучор мешаванд. Мунаққид ҳеҷ наандешидааст, ки агар он осор ба андозае, ки ӯ тавсиф кардааст, шоҳкор будӣ, имрӯз сари дасти хонандагон мебуд ё чунон ки мегӯянд, даст ба даст мегашт.
Камхаридор будани осори адибони мо наход ки ба ҳеҷ хулосае далолат накунад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё