Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рафиқон, масъалаи дигаре, ки ба назари ман солҳои охир бисёр адибонро ба изтироб овардааст рӯзафзун кам шудани адади нашри китобҳои мо аст. Агар мухтасар гӯям, дар ин бобат дӯлобкорӣ ҳам дорем. Ман дар аксари навоҳии ҷумҳурӣ будам ва китоби худро суроғ кардам, ҳеҷ набуд, аммо мегӯянд, ки Тоҷикматлубот талаб намекунад. Гӯё комиссияи тираж аз рӯи талаби идораҳои савдо адади нашрро таъин мекардааст. Сипас чи тавр мешавад, ки коммисия ба китоби ман 5 ҳазору ба китоби нахустини як тан адиби ҷавон ва ҳанӯз ба хонанда номаълум, ки ҳатто дар рӯзномаҳо асари ҷиддӣ нашр кардани ӯро мо ёд надорем, 10 ҳазор нусха таъин мекардаст?! Ба фикрам, касе ба ин бобат аксуламал дорад ва мардуми моро аз ғизои маънавиаш маҳрум мекунаду мо бехабарем.
Доири тарҷума ва интишори осори адибони миллатҳои дигар баъзе аз андешаҳои худро арз карданиам.
Ҳукми дуруст ин аст, ки дар республикаи мо аз ҳар ҷои дигаре бештар ба тарҷума машғуланд ва нашриётҳо ва рӯзномаю маҷаллаҳои мо пайваста ба интишори ин “матоъ” гирифторанд. Имрӯз, ҳар касе, агар имкони нашр карданро ёфт, даст ба тарҷума мезанад ва ҳар китобе ба дасташ афтад, ба тарҷумаи он мекӯшад. Ва бадбахтист, ки ба дасти ин тоифа бештар осори беталабгор монда меафтад. Дар тӯли даҳ-понздаҳ соли охир китоби баъзе адибоне, ки ҳатто дар республикаи худ чандон эътироф наёфтаанд, ба тоҷикӣ ду-се борӣ интишор гаштанд. Бигирем, соли гузашта нашриёти “Ирфон” китоби шоири белорус Деружинскийро ба забони тоҷикӣ нашр кард. Агарчи вай асосан шоири бачаҳост, нашриёти мо ӯро ба калонсолон пешкаш кард. Чи ҷои тааҷҷуб, баъзе аз рафи-қони мо агар дар роҳи сафар бо адибе ҳамроҳ ё ҳамнишин гарданд, дарҳол ваъда мекунанд, ки китоби ӯро ба тоҷикӣ нашр хоҳанд кард. Аз ин ҷиҳат аст, ки осори аввалдараҷаи адабиёти дӯстонамон як сӯ мемонаду мо китобҳои

пешина
аз 393
навбатӣ