Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

адибони камҳунарро баъзан ба тоҷикӣ тарҷума мекунем.
Мисоли ин гуфтаро хеле фаровон овардан мункин аст.
Ҳоло ба тарҷумаи осори бадеъ як гурӯҳ афроди сирф беҳунар даст зада, бо тарҷумаҳои бешира, дур аз салосату нафосат ҳамвора китобхононро аз осори тарҷума дилсард мекунанд. Рӯзе мерасад, ки китобхони тоҷик аз мутолааи осори ин қабил тарҷумонҳо сирфан даст мекашад.
Ҳеҷ аҷаб нест, ки ҷои ин китобҳоро тарҷумаҳои бародарони эрониамон бигирад.
Ҳоло адибони мо аз бобати як масъалаи дигар бисёр мегӯянд. Ҳар сол рӯзҳои адабиёт, ҷашнҳо, машваратҳои зиёде барпо мешаванд. Дар ин маъракаҳо аз номи адибони тоҷик аз чи бошад, ки ҳамеша 4-5 нафари доимӣ иштирокчианду бас. Ҳамчунон бояд гуфт, ки адибони мо қариб ки ба хориҷа сафар намекунанд. Чаро адибони республикаҳои дигар чунин имконият доранду мо не?
Ҳар як амри каму беш ҷиддӣ ва омоли бузург ба даври худ тоифаи ҳавасмандони ҳарзамаразро ҷазб мекунад. Адабиёт ҳам аз ин қоида истисно нест. Ин тоифа дар роҳи талаб аз ҳеҷ усуле даст намекашанд. Мақсади онон чист? Коре кунанду қонуну қоида, ҳаққу ҳуқуқ ва ростию дурустиро поймол созанд ва кайки ман ароба мекашад гӯён соддадилонро бовар кунонанд ва деги маишатии худро ҷӯшонанд. Онҳо навиштан натавонанд ҳам, нависанда будан мехоҳанд. Рафиқон, тоифаи дигаре низ ҳаст, ки навиштан мехоҳанду бас. Ҳеҷ набошад ба онҳо халал нарасонед.
1986

пешина
аз 393
навбатӣ