Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҚАТРАЕ АЗ САДАФИ АНДЕША
Муддатҳост, ки дар мактабҳо дарси адабиётро бо сабабҳои гуногун ҳамвора кам мекунанд. Баъзе касон дар сари ин ақидаанд, ки барои кӯдакону наврасон аз дарси адабиёт, аз мутолиаи китоби бадеъ амалан ҳеҷ фоидае нест ва агар нахонанд ва ё камтар хонанд, осмон ба замин фурӯ намеафтад, баръакс, надонистани химияю физика, компютер, мошинронӣ, дуредгарию харротӣ, спорт дар асри мо аз нуқсонҳои авфнопазири таълим аст…
Аммо чи гӯям, ки аз нахондани адабиёт ҳоло осмон ба замин фурӯ афтоданаш гумони ғолиб аст. Охир, қисмати сайёраи мо, қисмати ҳаёти кулли башар ва тамаддуни он ба дасти инсонҳост ва метавонад, ки як киштии зериобии ядроӣ дунёи моро кунфаякун созад. Агар инсони имрӯз дилу дидаи некбин надорад, фарди хатарнок ва таҳлукаангези башар аст.
Ана, ба ҳамин тариқ, бар асари беэътиноӣ ба адабиёт мо одамони сангдил ва бешафқат, бюрократҳои берӯҳ, ҳаромкорони бесуботи ба ҳеҷ кор номасъул ва ноомилро парвариш мекунем, даста-даста мутахассисони безавқ доираи назарашон тангу аз фаросат бенасибро ба миён меоварем.
Инсоне, ки аз овони хурдсолӣ бо китоб ошноӣ ва улфат пазируфтааст ва осори хондагиаш ба дилу ҷони вай нишастааст, худ фикран ва ҷисман ба хомкорӣ, қаллобию нобакорӣ қобил нест. Адабиёти бадеъ бачагонро андешидану ранҷ кашидан меомӯзад, дар сиришти онон ҳисси латифи зебоӣ ва накӯкориро мепарварад.
Дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка социологҳо пас аз муддатҳо таҷриба ва санҷишҳо муқаррар кардаанд, ки пешравӣ ва эътибор ёфтани инҷинер дар корхонаи саноатӣ аз кадом сифатҳои ӯ вобаста аст. Чӣ мегӯед, ки барор ва эътибори ин фирқа мутахассисон ҳамагӣ 15 фоиз ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё