Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
дониш ва маҳорати инҷинерӣ ва 85 фоиз ба нутқи фасеҳ, ҷаҳонбинӣ, ҳисси зебошиносӣ, ҳадди адабро шинохтани онон, ба одамшиносӣ, ҷавонмардӣ, рафтори дилнишин — хулоса, аз таъсире, ки инсон аз адабиёти бадеъ мебардорад, вобаста будаст. Кадомин фанни дигар ба инсон ин қадар ҳунар ва идрок мебахшад?! Компютер ва мошинҳо инсонро андешидан намеомӯзанд…
Ба идораи як тан рафиқи соҳибмансаб ворид гаштаму ӯро аз мақому мартабае, ки имрӯз расидааст, дар ғояти қаноатмандӣ дарёфтам. Марди хомандеш қаноатмандии худро аз ман пинҳон намедошт. Суханони яке аз адибони дилписандам Чабуа Амирадҷибӣ ёд омад: “Мо
— ҳама то он лаҳзае, ки худро беҳтар сохтан мехоҳем, инсонем. Лаънат ба он касе, ки аз худ қаноатманд аст”.
Дар романи алҳол ягонаи худ — “Дата Туташхиа” ин адиби хирадманди даврони мо навиштааст: “…Ӯ корзори бемисле дораду фақат бо шахси худ ҷидол мекунад”.
Дарвоқеъ, Амирадҷибӣ ба бисёр саволҳое, ки имрӯз дар ҷамъияти мо ба онҳо ҷавоб дархост доштанд, ҷавоб гуфт. Ман романи ӯро мисли як китоби ҳикмати асрамон мутолиа доштам. Доири худшиносӣ ӯ боз навиштааст:
“Ҳар як фарде он қалъаро хоҳад фатҳ кард, ки онро фатҳ кардан мехост. Барои яке ин қалъа ҳарифест, ки дар нисбати вай ҳунармандтар аст ва ин марди ҳақири дар паи шӯҳрат афтода, кулли неруи маънавӣ ва рӯҳонии худро харҷи он мекунад, ки аз ҳарифи худ бартарӣ ёбад… Аммо тоифаи дигаре, — гулҳои сари сабади башар низ ҳастанд, ки онон ягона қалъа — қалъаи шахсияти худро дар муҳосира гирифта, шабу рӯз ба он ҳамлаваранд.”
Адиби ҷавоне дар мақолаи худ зиёиёни моро ба кӯр-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё