Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лабат лаълу қадат тӯбӣ, рухат гул,
Манам дар гулшани ҳусни ту булбул.

Ба даври маҳ фикандӣ зулфи мушкин,
Кашидӣ хатти бутлони тасалсул.

Аз он рӯзе, ки дидам рӯи хубат,
Шудам аз тоқату сабру таҳаммул.

Қадат андар чаман шуд ҷилваоро,
Ба тӯбо таъна зад дар боғ сулсул.

Расид аз накҳати зулфат ба гулшан,
Зи ҳасрат шуд парешон ҳоли сунбул.

Ба ёди лаъли ту дорад ба маҳфил
Суроҳӣ аз забони бода қул-қул.

Ҳар он сарро, ки савдои ту бошад,
Набошад майли ӯ бо соғари мул.

Ба мили сояи мижгони оҳу
Кашида наргисат куҳли тағофул.

Адофаҳмон чу теҳу дар гурезанд,
Ба ҳар ҷониб кунад парвоз Туғрул.

Гар касе чинад зи боғи оразат як бор гул,
Дар канори худ кунад тамҳиди сад гулзор гул.

Кардаӣ то дидаи худ маҳрами дидори хеш,
Ҷавҳари ойина орад ҳар дам аз зангор гул.

Кам бувад ҳамчун гули рӯи ту гул андар чаман,
Дар гулистони ҷаҳон дидем мо бисёр гул.

Сурате аз чини зулфат гар фитад ногаҳ ба Чин,
Панҷаи Беҳзод мечинад зи шохи мор гул.

Дар чаман гулро агар бинӣ ту бо сад рангу бӯ,
Гар на монанди рухи ӯ бишкуфад, машмор гул!

Ҳар куҷо бошад ҳадиси пардаи рухсори ӯ,
Сози мутриб оварад аз нағмаи ҳар тор гул.

Дам ба дам з-иқболи бахти хеш монанди ҳадаф
Мекунад бар синаам тири нигоҳи ёр гул.

З-аввали шаб то саҳар хобида андар фарши ноз,
Кай шавад аз нолаи булбул даме бедор гул?!

Ҷуз дами ваҳдат ба зери рояти ишқаш мазан,
Хуни Мансурат кунад ногаҳ зи чӯби дор гул.

Ваҳ, чӣ хуш гуфтаст, Туғрал, Бедили баҳри сухан:
«Хоки роҳе бошу аз ҳар нақши по бардор гул!»

пешина
аз 312
навбатӣ