Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баски овардаст нахли қомати дилдор гул,
Сарвро ҳаргиз шунидӣ, к-оварад дар бор гул?

Софдилро орзуи сайри гулшан кай бувад?
Бар рухи ойина аз ҷавҳар бувад бисёр гул!

Ошиқонро нест аз санги маломат чорае,
Ҳеч дар боғи ҷаҳон дидӣ, бувад бехор гул?

Дар талоши ҷустуҷӯи боғбон ҳар сӯ марав,
Ҳамчу ӯ дигар намеёбӣ дар ин гулзор гул.

Оламе туҳматпарасти гирудори оламанд,
Кай кунад ҷуз хуни Мансураш зи чӯби дор гул?

Эътибороти ҷаҳон бе нағмаи зеру бам аст,
Гар бувад дар кӯҳ, дар саҳро набошад хор гул.

Баски натвонам, ки созам чораи ҳиҷрони ӯ,
Шуълаи оҳи ман аз дил мекунад ночор гул.

Рутбаи идбор ҳам бе равнақи иқбол нест,
Муддаъоят мекунад аз сояи девор гул.

Боғбон, имрӯз аз баҳри ризои андалеб
Бори дигар магзарон дар ҷониби бозор гул.

Тори қонуни навои ӯ чу булбул гар кашад,
Нохуни мутриб кунад аз нағмаи ин тор гул.

Рез хунам, ки ба теғи хеш гул дорӣ ҳавас,
То кунад аз хуни ман он теғи ҷавҳардор гул.

Баски, Туғрал, ҳамчу гул мазмуни рангин бастаам,
Метавон чидан кунун з-абёти ман бисёр гул.

пешина
аз 312
навбатӣ