Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

базм, нимтанаяи зани миёнасоле, сар ба сӯйи моҳи ҳафтрӯза чун шохҳои гов бардоштааст. Атрофи сарашро фарр печондааст. Аз китфонаш шӯълаҳои оташ сар каши-даанд. Ӯ назди сугдии ниёишгар меистад, “Корномаи Рус-тамро” мехонад, “Панди падар бар фарзандашро” мени-юшад, дар тасвири саҳнаҳои размӣ иштирок мекунад, аз “Оҳангару бузина”, “Донишмандону паланг”, “Қиссаи зан ва шавҳараш ва дӯстдоронаш” панд мегирад, “Қиссаи шоҳи Бузина”, “Зани диловар, вале захмӣ”, “Мурге, ки тухми ти-лои меовард”, “Набарди саворон”, “Деви сесар”-ро мег-уяд... Дилаш моломол аз дард мешавад. “- Намебояд, ки ба рӯйи гузаштаҳо парда кашид. Намешавад гузаштаҳои хешро сар бурид. Девҳоро он қадар дар назарҳо пинҳон доштанд, ки имрӯз ҳафтсар шудаанд... Ва модарон фар-зандони хешро алайҳи вай қурбон мекунанд... Арӯсонро асир медиҳанд. Ку Рустаме, ки дар линоси палангинаи хеш чун паланггон пархош кунад?! Онро ба зери пардаи фаро-мушӣ кашидаем. Ку Рустаме, ки Сиёвушеро наҷот диҳад?! Оре, ин миллат ба Рустамҳо зарурат дорад, то Сиёвушҳо ба камол расанд...”

Ва бо овозе, ки шунида мешавад, мегӯяд: Мо ба Руста-мҳо зарурат дорем, то Сиёвушҳоро ба камол расонем... (Бармегардад) Ман парда аз рӯйи ин тасвирҳо гирифтам. (Дар андешааш) “Бояд онҳоро аз тасвири деворҳо берун кашид”. Инҳо гузаштаҳои мо ҳастанд, таърихи зиндаго-нии мо дар ин зиндагӣ ҳастанд. Онро ҳамеша бояд пеши рӯ дошт. Чун дар оинае дар онҳо хештанро бояд шинохт... Гузаштаҳои мо ба мисли ин деворнигораҳо захмиву таҷ-зияшудааст. Бо пинҳон кардани захмҳо омоси онро ба ҷое мерасонем, ки дигар илоҷи даво намеёбем. Ман ҳар кадо-ми шуморо дар ин хусус ҳушдор медиҳам: Сӯйи осмон туф партоб накунед, то ба рӯйи худхотон наяфтад!

Ҳамаи ҳозирин дар либоси сиёҳанд.
-Мо агар ҳазор соли дигар нолаву шеван кунем ҳам бародари хешро намеёбем. Беҳтар он ки равоншодро бо дуои хайр, адлу адолати хеш, ки бешак сабаки раҳматист, ёд кунем. (Ба Хоҷаи Бузург) хоҳиш мекунам, фута аз миёни ишон бикшоед.

Хоҷаи Бузург фотиҳа мехонад ва миёнбандҳоро аз тани ҳозирин мекушояд.
-Умедворам, фардо ҳама аз паи маъмурияти хеш мешаванд... Маъмурияти ҳама маълум аст. Бародарзодаи азизи

пешина
аз 675
навбатӣ