Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мо Аҳмад бинни Наср халифаи мостанд ва дар Самарқанд мемонанд. Амирони вилоят ба мақоми иззи хеш бармегарданд. Мо фардо бо аркони давлат ба Бухоро меравем.

Хоҷаи Бузург: Амирам, мо барои интиқоли пойтахт то ба фардо фурсат намеёбем.

Амир Исмоил: Давлатмардон, фақат давлатмардон фардо ба мо ҳамроҳ мешаванд. Барои интиқоли мобақӣ маъмурон гуморед, то дар давоми як ду ҳафта ин корро анҷом диҳанд. Ман дигар сухане надорам. Хоҷагон метавонанд аз паи кор шаванд. Хоҷаи Бузург, Амир Аҳмад, Абуашъас Асад ва Абуюсуф Яъқуб бимонед.

Ба ҷуз ин номбурдагон мобақӣ баромада мераванд.

Амир Исмоил: Дигар нигоҳ доштан ва интиқол додани суннати давлатдории хонадони сомонӣ дар гардани мову шумост. Як сари мӯ хилофи ин суннатҳо амал кардан хиёнат аст. Барои ин мо бояд содиқона, беғаразона ва бародарона ба ҳам аз меҳру вафо дошта бошем, тибқи васияти бародари равоншоди хеш амал намоем. Мо дар вазъияти кунунӣ ҳаққи орому беташвиш зиндагӣ кардану ҳукуматдорӣ кардан надорем. Амри Лайс маншури ҳукумати Хуросонро гирифтааст ва имрӯз бо Рофеъ Ҳарсама эъломи ҷанг кардааст. Ман медонам, ки Амри Лайс бо он сирати ҷаҳонхорагӣ фақат ба Хуросон қаноат нахоҳад кард. Барои он ки мо аз шарри ӯ эмин бошем, аввалан бояд амнияти хешро аз тарафи шимол таъмин намоем. Бо саркуб кардани душманони шимол баргардонидани он ғаноиме, ки онҳо ба ғорат бурдаанд, то андозае ба қудрати ҳарбии худ салобат ва ҳашмат бахшида метавонем. Бинобар ин ман аз халифаи худ ва бародаронам тақозо менамоям, ки лашкари ин қисмат аз мамлакатро ба ҳоли худ нагузоранд, ҳамеша дар ҳолати омодабош бошад ва гоҳ аз гоҳ дар қисматҳои шимолу шарқӣ ба ғазовот машғул шавад. Ба ризояти худованди азза ва ҷалла ман бо лашкари Бухоро сӯйи мамлакати куффори турк ҳаракат хоҳам намуд. Ишонро бояд барои ҳамеша бехавф гардонем. Он гоҳ дар баробари рақиби тавоное чун Амри Лайси Саффорӣ қарор хоҳем гирифт. Он гоҳ мо аз ҷиҳати шимолии сарҳадоти хеш эмин хоҳем буд... Ва яке аз сабабҳои интиқоли пойтахт низ дар ҳамин аст... Акнун аз бародари азизамон амир Абуюсуф Яъқуб хоҳиш менамоем, ки дар хусуси шаҳрҳои билоди турк ба мо маълумот диҳанд.

пешина
аз 675
навбатӣ